Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Хайр, он чи ки бо Соро буд, гузашту рафт, чунки байни мо чизе ҳам набуд, вале кӣ дар айёми ҳаждаҳсолагиаш шабе бе печу тоб ором хуфта ва ё ба номи духтаре шеъре нагуфта9 бошад? Баъди аз Россия баргаштан туро ҳамроҳи Моҳрў (духтари амакам) дар кўча дида худро гум кардам. Ҳарчанд чизе нагуфтам, вале Моҳрў аз нигоҳи банда фаҳмид, ки нигоҳам ба сўят тамаъҷўёна буд… Баъдтар вақте, ки муҳокимаи номзадҳо ба мақоми арўсӣ дар хонадони мо оғоз гашт, дар қатори – чор номзади дигар худат овози бештаре гирифтӣ ва ба ин мақом сазовор гаштӣ.
Дар ин кор, албатта Моҳрў низ саҳмгузор аст, чунки маҳз ў ба воситаи модараш ба гўши очаам Зулайхо хушхабаре, ки ман гўё дар кўча аз дидани ту даҳонам боз мондааст, расонидааст.
Имрўз бошад ту маро гунаҳкор кардани шудӣ, ки гўё нома аз касест, ки банда дўсташ медорам».
Тўйчӣ Ҷалол лифофаро аз ҷайбаш бароварда онро кушод.
Дар он бо ҳарфҳои дар мошина чопшуда омада буд: «Чанд бор ба суроғат омадам набудӣ. Дирўз фаҳмидам, ки омадӣ. Худи ҳамин бегоҳ соати 2030 дақиқа ба тарабхонаи «Бону» биё. Мехоҳам ҳодисаи шаби 12 ба 13 апрел рухдодаро ба ёдат биёрам.
Агар худ онро ба гўшаи фаромўшӣ дода бошӣ. Шояд пурсӣ, ки чи хел маро бояд шиносӣ? Дар ин бора андеша ҳам накун.
Муҳимаш он аст, ки ман худатро мешиносам. Қосим» …
Аз он ки фиристонандаи мактуб номаро бо даст нею бо мошинкаи чопӣ навишта буд, ин худ гувоҳи он буд, ки номанавис аз ошкор шудани шахсияти хеш метарсад.
«Ба гумон аст, ки номи аслиаш ҳам Қосим бошад. Қосим будани ў баробари он аст, ки банда Сафар Сафарович бошам.
Модоме, ки аз ошкор шудани шахсияти хеш метарсад, корҳо на бо он дараҷа баданд, ки банда гумон дорам. Мақсаду маромаш ба ҷуз шантаж дигар чиз нест, дар акси ҳол ў на ба ман, балки рост ба милиса муроҷиат мекард».
Тўйчӣ Ҷалол номаро аз нав дуқат намуда, ба ҷайб андохт ва сар бардошта, ба соати деворӣ нигарист. Соат нав 915 дақиқа… «То вохўрӣ бо Қосим зиёда аз ёздаҳ соат монда аст.
Маълум буд, ки Қосим дар ин субҳи рўзи пайшанбе мисли собиқ хаткашонҳои замони советӣ ниҳоят барвақт аз хоб хеста аст. Ба ақлу фаросати ў ҳам тан додан лозим буд. Номаро махсус дар рўзи чопи ҳафтанома ба қуттии почта партофта…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор