Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Мурӯри замон зарду фарсуда умри шаст-шаступанҷ сола доранд. Онҳоро далелу санад оварда, додхоҳӣ кардааст. Одамони хайрхоҳе кам набудаанд, ки хизматҳои ӯро холисона қайд карда, барои сафеду беолоиш гардонидани номи некаш мадад расонидаанд.
Баъзеи онҳоро як ба як аз назар мегузаронем. Аъзоёни партияи болшевикӣ аз соли 1919 Нуриддин Иброҳимов, Маҳмудбек Ниёзбеков, Исмоил Ортиқов, Тошмат Собитов, Ҷӯрабек Шавкатбеков шаҳодат додаанд ва онро котиби комитети партиявии волости Исфара Маҷид Истроилов бо мӯҳру имзо тасдиқ кардааст, ки Ибниямин аз оилаи арробасози камбағал буда соли 1913 мактаби усули кӯҳнаро хатм кардааст. Соли 1917 дар ибтидои инқилоб дар шаҳри Қӯқанд мезист. Аз соли 1918 дар Исфара барои пойдор гардонидани ҳокимияти Шӯро ҷонбозӣ кард. Аз соли 1921 то соли 1924 сарвари милиция буду бо ғоратгарон меҷангид.
"ТАВСИЯНОМА
Дода шуд ба гр. Исомадинов Ибниямин дар ин хусус, ки бинобар шаҳодатномаи ба ӯ додаи маҷлиси умумии ячейкаи партиявии Исфара комитети партиявии уезди Қӯқанд барои ба сафи партияи коммунистии Ӯзбекистон дохил шуданаш монеъ нест. Котиби масъули комитети партиявии уезд Мавлонбеков. Мудири корҳо Карабанов..."
"МАЪЛУМОТНОМА
Ман, Эрматов Бегмат командири собиқи эскадрони дивизияи дуввуми водии Фарғона ба партизани сурх Исомадинов Ибниямин ин маълумотномаро барои он медиҳам, ки вай дар ҳақиқат солҳои 1918-1924 барои несту нобут кардани дастаҳои ғоратгарони водии Фарғона зидди қурбошиҳо Алиёр, Холхӯҷа, Кӯри Шермат, Амон полвон, Раҳмонқул ва Сангин фаъолона иштирок кард..."

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор