Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гули рӯи хоросанг

Ду дӯсти ба ҳам мӯнису ғамхор ба сайру тамошои кӯҳсор баромада, аз вазиши гарму нарми ҳавои хушгувор, бӯи диловези насими атрбор, равиши маҳини оби чашмасор намуди рангини табиати ҳар нақшу гулаш нотакрор, латофату назокати оғӯши сабзи баҳор табъи хушу дили боқарор доштанд. Ногоҳ диққати якеро чизи ғайриоддие ба худ кашид, ки ногоҳ ба як сӯ ва бехост аз ҷояш бархост, чанд қадам наздиктари хоросанги сафеду як порааш сурхи сиёҷатоб гузашт ва ба ҳамроҳаш ба ишораи "Инҷо биёед" нидо кард:

  • Ин гулро бинед, мағзи дили санг чӣ хел неш зада сабзида баромада бошад?

Ҳар ду ба харсанги калони паҳту вазнин ва гули зебою нозуки рӯи он рӯида бо завқ, ҳайрону тааҷҷуби ошкоро нигоҳ карда, акнун андешаҳои худро ба ҳамдигар баён мекарданд.

  • Аҷабо, шигифто! Сангеро, ки шояд бе теғи алмос метавон сӯрох карду бас, чӣ тавр ин рустании нарму маҳину нозук шикофтаасту боз сабзу шукуфон аст, зинда мондааст? Аз куҷо обу ғизо ёфтааст? Аз шамолу бодҳои сахт, офтоби сӯзон чӣ гуна паноҳ ёфта бошад?

Яке аз дӯстон ба гули якто ва беҳамто хуб санҷишкорона наззора карда, сахт банди андеша шуд ва чунон хомӯш ва ором монд, ки рафиқаш ин ҳолати ӯро пай бурда, аз пурсуҷӯю таҳпурсии чунин дигаргунии нохосту якбораи ҳолати рӯҳии дӯсташ худдорӣ кард, зеро истиҳола дошт, ки ба оинаи оби хотираи вай бо саволи беҷо санг напартояд, риштаи нозук ва маҳини андешаҳои борикро бо сухане кандан кори осон аст.

пешина
аз 385
навбатӣ