Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

савдо барор гираду бор нағз ба фурӯш равад, суди он ҳаққи ҳалолатон, оши тану ҷонатон шавад. Охир шумо сафеду сиёҳ, чӣ будани амонати халкро медонед.

Пешниҳоди раис табъи дили домулло буд. Ӯ ҳавлиҷои нав гирифта буду ният дошт баҳорон иморати нав пӯшад ва Худо меҳрубонӣ кунаду кушоиш ва осоиш диҳад, бо аҳли кӯю маҳалла оши хатнасури писаронашро диҳад. Яъне омади кор ҳоло ба муроду хоҳиши ӯ созгор неомад. Меваҳои хушки амонатӣ ва ҳосили боғи худро гирифта ба яке аз шаҳрҳои навободи вилояти Сирдарё омад. Зеро шунида буд, ки дар ин ҷо бозори мева гарм аст. Дар бозор як ҳамшаҳриашро дид, ки ғамгину навмед менамуд. Ӯ мехост ҳарчӣ зудтар аз ин макон ҷон ба саломат барад. Аммо домулло чун ҳамеша хушвақту зиндадил буд, сухани шиносашро ба дил нагирифт. Аз рӯзи аввал ғайричашмдошт аспи кораш нағз давид. Раиси бозор мусофири ношиносро ба як дид ҳамчун одами хуб, шиноси дерин ва қадрдону қарин шинохт ва қабул кард. Дӯкон бо анборча ва ҷои хуфту хез дод, аз ҳолаш зуд-зуд хабар мегирифт, сонитар ба меҳмонӣ нишасту базмҳои хоса меорост. Ҳар шахс, ки тоҷири мусофирро медид, панду ҳикмат, қиссаю ҳикоятҳои ширинро аз забонаш мешунид, ба навои форами дутор ва нолаҳои танбӯр гум мезад, ба нағмаю оҳанг, мақому маром дил бохта, боз ташнаи дидор, ба сӯҳбаташ харидору волаю гирифтор мегашт. Ин мутриби хушнаво ба дутору танбӯр не, гӯё ба торҳои вуҷуди дили нишастагон нохун мезад. Гоҳҳо дилҳоро ба рақс меоварду ҳамнишинон аз завқ дастафшону пойкӯбон мешуданд, гоҳе навои форам чун аллаи ширин онҳоро ором менамуду хобашон мебурд. Ромишгари пурҳунар вазъи рӯҳии ҳамнишинонро хуб дониста, муносиби кайфияти ҳолашон ғазалҳои Хусраву Мавлавӣ, Сайфи Исфарангӣ, Саъдию Ҳофиз, Хоҷа Камол, Ҷомию Бедилро ба чунон оҳанге мехонд, ки касе инчунин сабки ноларо нашунидааст. Маъниҳои олӣ дар шакли оҳанги ҷигарсӯз ва нолаи ҷонгудоз то қаъри дилҳои танҳо саросар гӯшу ҳуш рафта мерасид. Гоҳҳо

пешина
аз 385
навбатӣ