Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

оромона пора мекарданд. Ҳа, ҳаромхӯракҳо хираю густоханд, мурдаро, ки ёфтанд, парвои одаму олам надоранд.

Ин манзараи нохушро дида, мусофир ҳис кард, ки ба дом афтодааст. Ӯро ҳам лошахӯрони одамсурат ҳарисона интизоранд. Хост илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гӯяду бо як зарби корд роҳбаладро тамоми кунад ва роҳи халосиро ҷӯяд, ҳол он ки фурсати имкон аст.

Агар номус роҳи ту бигирад,
Бикуш ӯрову хунашро биёшом.

Аммо хирад боло гирифт. Ақл мисли об оташи нав забонзадаи хоҳиши дилро фурӯ нишонд.

Ҳайф андер оташ сабр мекун,
Ки оташ об мегардад ба айём.

Охир ӯ дигар ҷавони ғайору ҷасури сиюпанҷсола нест, ки ниҳоли хираду андешаашро оташи хашму ғазаб ба як бор бисӯзад. Сабр пеша карда, ба пешвози боз як имтиҳони сарнавишт дилпурона қадам ниҳод. Ҳар чӣ бодо, бод!

Ду марди чолок ҳанӯз дар даҳлез "марҳабо, марҳабо, биёед"- гӯён бо як ҷустию чобукӣ ҷомаашро кашида, ба дасташ об рехтанд ва дари хонаи пастаки васеъро ба рӯяш кушоданд.

Чанд нафар болои қабат-қабат кӯрпачаҳо ба лӯлаболиштҳо такя доштаву қаҷпаҳлӯ зада менишастанд. Касе ба ҳурмати меҳмон аз ҷой нахест. Дар пешгоҳ, дар мақоми садрнишин як ҷавони ҷуссакалон чорзону менишаст, ки аз шариконаш бадқиёфаю бадсурат ва ранги башарааш бенур, бо чашмони тези хашмгин фарқ дошт. Аз он ду сӯрохи танги оташин тири ғазаб беист медавид ва ба дили меҳмон мехалид. Ин тири ғазаб нигоҳи сахти хӯҷаин буд. Аммо вай ду дасти адаб пеши бар гирифта, таъзимкунон ба раиси дуздон саломи бепоён ва дуруди гарму ҷӯшон расонид. Ӯ чунон вонамуд мекард, ки дар пешорӯи ӯ на ҷавони густохи хирарӯ, балки раиси бозор асту бо дилу чеҳраю оғӯши кушод ба пешвозаш гӯё бархостааст. Ӯ изҳори шодию арзи сипос мекард, чунки як мавзӯи наҷиб ғарибнавозӣ карда, як мусофири танҳоро ба ин маҷлиси

пешина
аз 385
навбатӣ