Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Узрҳои ӯ андак ба қаҳру ғазаби саркардаи дуздон асар кард, ки кунҷи лабонаш аранге ҷунбида, тамасхуромез ва нописандона кушода, инҷ шуду лабонашро лесид. Ва боз қиёфааш ҷиддӣ, нигоҳаш чун теғи тез хунрез гуфт:

  • Пули бор куҷост?
    Саркарда ҳанӯз суханашро тамом накарда, домулло бо як чолокӣ тугмаи камзӯлашро вонамуд ва яктагашро боло бардошта, камарбанди нилгунро ҷуст. Кушода онро бо даста-даста пулҳои қатор печонида боситез дароз кард.
  • Марҳамат, пул чирки даст, садқаи сари шумо ҳӯҷаин, оши танатон шавад, ба шодию хурсандиятон насибу рӯзӣ шавад. - гуфт самимона, дар чеҳрааш ягон нишони норозию дилкашолӣ, ҳасрат ва пушаймонӣ аён нашуд. Сайди ба дом афтода ба тақдир тан дода буд. Ӯ дар коми тимсоҳе буд, ки тӯъма дар даҳонаш асту, ҷоҳи коми пурдандонашро ба ҳам овардааст. Луқмаи нарми лазиз пора-пора, лахта-лахта мешавад. Ҳангоми кушодани пулҳо дасташ ноаён ба ғилоф расид, он сабук буд, кордро кай, чӣ тавр кашида гирифтаанд, надониста монд. Аз ин аммо хурсанд шуд. Хайрият кордро гирифтаанд, вагарна ба он умед баста, шояд ягон ҳаракати беҷо мекарду аслиҳаи асосиашро истифода накарда мемонд. Ҳоло ягона силоҳи вай ақлу хирад, донишу ҳунар аст. Танҳо ҳамин силоҳ ӯро аз ин банд раҳоӣ бахшида метавонад. Дастаҳои пулро кушода дида, саркарда муш барин нарм гашт. Ба рӯяш сурхӣ дамид. Бе ихтиёр кӯтоҳ хандид.
  • Ҳа-ҳа! О шумо ба давлат-ку, ин қадар пулро чӣ кор мекунед?
  • Э напурсед, ин пули худам не, ин пули колхоз, мана коғазу ҳуҷҷаташ ман амонатдор. Маро фармуданд, ки бори ҷамъиятро фурӯшам. Ана инаш пули меваҳои худам, гиред насиб кунад.
  • Ӯ аз багалкиса дастаҳои пули калонро баровард. Моли ҷамъият будани пулҳои зиёдро шунида, саркарда рӯ турш кард, вале ошкоро изҳор намуду гуфт:
  • Шинед, чӣ сутун барин рост истодаед?
  • Ҳа дар воқеъ - гуфту домулло нишаст. Ва даст бардошта
пешина
аз 385
навбатӣ