Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Намруд – писари Кӯш, яке аз подшоҳони Исроил ва бунёнгузори шаҳри Бобил, ки Иброҳим (а) ба дастури ӯ ба оташ афканда шуд.

Насри мустанад – насре, ки ба санадҳо, ҳуҷҷатҳо ва воқеияту тасвирҳои воқеӣ асос ёфтааст.

Намози ишроқ – намози ғайри панҷвақта аст, ки шайхон пас аз баланд шудани офтоб мехонанд.

Нахл – дарахт.

Наузанбиллоҳ ё наузубиллоҳ -- ба Худо паноҳ металабем.

Ниқор – қасос.

Нирон – оташ.

Ниёиш – дуои хайр, дуо аз рӯи зорӣ ва илтиҷо.

Ноқаи Солеҳ – Солеҳ паёмбари Худо буд, ки аз миёни мардуми Самуд бархост ва шутури модае дошт, ки муъҷизаи паёмбарии ӯ буд ва бадкорон онро куштанд ва бачаи уштур сар ба кӯҳ ниҳоду нопадид гардид. Барои ин ҷиноят Худованди мутаъол қавми Самудро несту нобуд кард.

Носут – сиришти инсон, олами табиӣ, нуқтаи мухолифи лоҳут.

Нохудо – новхудо, ки сарбони киштӣ бошад

Нузул – (пойин омадан) – зидди субуд.

Нусус – суханони устувор (ҷамъи нас).

Ҳумом – кабӯтар.

«Одамият» -ҷамъиятест, ки дар Эрон нимаи дуюми асри XIX ташкил ёфта буд ва намояндагони он дӯстӣ, бародарӣ, иттиҳод ва ёрии якдигарро таблиғ мекарданд.

Оқифон – гӯшанишинон.

Оқсақол – калимаи туркӣ (айнан сафедриш) сардори маҳалла, шахси боэътибор.

Омӯ – Ҷайхун, об, ашк.

Орифи Бастом – манзур Тайфур ибни Исо ибни Одами Султонуламо маъруф ба Боязиди Бастомӣ аз урафои машҳури садаи дуюм ва сеюми ҳиҷрии қамарӣ аст.

пешина
аз 343
навбатӣ