Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

танашро сӯзониданд ва хокистарашро ба Даҷла рехтанд (ё ба бод доданд) ба соли 306 ё 309 ҳиҷрии қамарӣ.

Ҳут – моҳӣ

Хушид – хушидан ё хушк шудан.

Чавоз – дастурӣ, иҷоза

Чағола (чақола) – меваи сабзу нарасида ва бештар дар бораи бодому зардолу гуфта шавад.

Чағона – яке аз созҳои ба монандӣ қошукест бо чанд зангӯла, ки ба он омехта шуда ва бо такон додани даст ба садо мебарорад.

Чаммош – шӯх, фиребанда, маст.

Чамона – соғар, пиёлаи шароб.

Чанта – кашкул, зарфест, ки қаландарон ва дарвешон ба миён баста мегардад.

Чапан – дар устод Айнӣ ба маънои: одами бехатту савод.

Чашмаи Носир дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шӯғнон ҷойгир шудааст.

Чилкоф – дуое будааст, ки бо чил ҳарфи қоф оғоз гардида онро азоимхонҳо мехонанд.

Чимилчиқ – ҷодар, ҷодари арӯсӣ.

Чина – донаи дом.

Чиккаву пукка – тарафҳои чуқурчадор ва барҷастагӣ доштаи буҷул.

Чутал – пулест, ки шахси дар қимор бурида ба шахсони ғайриқиморбоз медиҳад.

Чамоз – чамоза – тундрав.

Чаҳул – нодон, худписанд.

Чайъат – омадан.

Чароид – ҷамъи харида, рӯзнома, дафтари рӯйхат.

Ҷолут – яке аз паҳлавонони бостонии Фаластин, ки баландболо буд ва бо Паёмбари Худо – Довуд (а) ҷангид ва шикаст хӯрд.

Ҷонӣ – ҷинояткор.

Шакароб задан – андак об пошидан.

пешина
аз 343
навбатӣ