Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вақте ки шикорчӣ нутқашро тамом кард, шахсе ки ин нутқ ба ӯ нигаронида гуфта шуда буд, корашро тамом карду ҷаста ба зин савор шуд ва роҳро давом дод.
Зеб аз паси вай пиёда равон шуд; зоҳиран ӯ Колхаунро якзайл аз пеши назар дур кардаӣ набуд. Шикорчии пир ба ин эҳтиёҷ надошт: ӯ боварӣ дошт, ки изи капитанро гум намекунад.
Шикорчӣ хотирҷамъ қадам зада, чунин мешумурд, ки акнун то худи асненда наистода меравад.
Вале Зеб Стумп саҳв кард. Кӣ вохӯрии тасоддуфии Кассий Колхаун ва Исидора Коварубио де Лос-Льяносро пешбинӣ карда метавонист?
Вале, сарфи назар аз тааҷҷуб, Зеб илоҷе карда ҳузури худро ошкор насохт. Баръакс, ӯ боз ҳам боэҳтиёттар шуд.
Шикорчӣ баргашта, ба гӯши модиён ким-чӣ гуна сеҳрро пичиррос зад ва дар паноҳи дарахтони акоқиё эҳтиёткорона пеш рафтан гирифт.
Дере нагузашта Зеб истод; асп ҳам соя барин истод.
Девори анбӯҳи буттаҳо шикорчӣ ва ҷавону духтари гарми сӯҳбатро аз ҳам ҷудо карда меистод.
Ӯ аз паси паногоҳи худ сар бароварда нигариста наметавонист, чунки метарсиданд худро ошкор созад, вале ҳар чи ки онҳо мегуфтанд, ҳамаашро мешунид.
Вай то дами иваз кардани аспҳо дар ҷояш истода гӯш кард ва пас аз ин боз ками дигаре таваққуф намуд. Ва фақат ҳамон вақте, ки ҳар кадом ба самти худ равон шуд, Зеб аз камин баромад.
Вай дар ҳамон ҷое, ки навакак додугирифт шуда буд, истод ва ба гирду атроф назар андохта хитоб кард:
— Иосафат! Ду иблис иттифоқ баст. Донистанӣ будам, ки кадомашон нафъ рӯёнид!
Боби LXXX
ДИДБОНИИ ХУШЬЕРОНАИ ДАРВОЗА
Зеб Стумп дар паноҳи ғулии паттазор истода ба ивазкунии аспҳо муоина мекард ва то аз он ҷо баромадани ӯ якчанд дақиқа гузашт. Ӯ аз паттазор фақат ҳамон вақт баромад, ки ҳам Исидора, ҳам Колхаун аз назар ғоиб шуда буданд. Вале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор