Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ва дар сари таъқибкунанда қарори бешууронае пухта расида буд.
Дунболгирӣ бисёр давом накард. Колхаун аз ғалаба пешакӣ лаззат мебурд...
Аспи вай тезтар метохт — шояд, барои он ки ӯ мустангро шитоб мекард, ё худ барои он ки аспи турук чандон натарсида буд ва тамоми қувваи худро кор намефармуд.
Маълум буд, ки мустанги булӯл турукро дарьёб мекунад; ниҳоят масофа ба андозае кам монд, ки Колхаун мили милтикро ба пеш нигаронид.
Ӯ мехост турукро парронад ва бо ҳамин ба дунболгирӣ хотима гузорад.
Аммо аз тарси он ки мабодо ба ҳадаф назанад, тир холӣ намекард. Ӯ, ки таълими таҷрибаи носозгорро гирифта буд, куланги милтикро сар намедод ва барои он ки тираш хок нахӯрад, кӯшиш мекард наздиктар равад.
Вале, ҳоло ки ӯ дудила буд, турук ҳамроҳи савораи бесар якбора ба паттазор тоб хӯрд.
Таъқибкунанда маътали ин хила набуд ва қафо монд; факат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор