Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
кард, агарчи вай ҳамчун хешованд ноилоҷ муахирулзикрро тарафдорӣ кард.
Дигар нуктаҳои қобили таваҷҷӯҳ буданд, ки хусумати ӯро нисбат ба хоҳарзодааш дучанд мекарданд ва сарфи назар аз тамоми манфиаташ ин издивоҷро номатлуб мегардониданд.
Вале афсӯс, дигар сабабҳо бисёр буданд ва гапи Колхаунро қатъиян рад карда намешуд.
Ҷавоби Пойндекстер аз ғаму ғусса дида, бештар амри қатъии бечуръатӣ буд:
— Агар гапи туро дуруст фаҳмида бошам, Кассий, ту дар бораи тӯй гап мезанӣ. Аммо, дар сурате ки дар хона мотам аст, магар вақти ин гапҳо мебошад. Фикр кун, мардум чӣ мегӯяд!
— Шумо мақсади маро нафаҳмидед, тағо. Ман дар бораи тӯй нагуфтам. Яъне ҳамин ҳозир тӯй шавад, намегӯям. Ман фақат мехостам дилпурие дошта бошам ва розиям, ки фурсати басе муносибро мунтазир шавам.
— Гапи туро намефаҳмам, Каш...
— Гӯш кунед ва ман ҳамаашро ба шумо мефаҳмонам.
— Гап зан.
— Гап ҳамин. Ман қарор додам, ки зан гирам. Шумо медонед, ки ба наздикӣ ман сисола мешавам. Дар ин синну сол саёқ-саёқ даври олам гаштан ба дили кас мезанад. Ин ниҳоят ба дилам зад, мехоҳам ки оиладор шавам. Ман розиям, ки Луиза занам шавад. Дар ин масъала шитоб кардан лозим нест. Ҳозир ба ман фақат ваъдаи қатъӣ ва таъйини вай лозим аст, ки ҳеҷ гуна шакку шубҳа намонад. Вақте ки ҳамаи ин ногувориҳо хотима ёфтанд, дар масъалаи тӯй ва дигар чизҳо гап мезанем.
Калимаи «ногувориҳо» ва ҳама суханони Колхаун ба гӯши падар, ки писарашро сугворӣ мекард, ҳамчун таҳқир мерасиданд. Қаҳру ғазаб ғуруру ифтихори пештараи Пойндекстерро бедор кард.
Вале бисёр тӯл накашид. Аз як тараф плантацияҳо, ғуломон, сарват, мавқеи ҷамъиятӣ дар пеши чашмаш ҷилвагар мешуданд, аз тарафи дигар — бенавоӣ, ки ба назараш ҳалокат менамуд.
Вале ба ҳар ҳол ӯ тамоман таслим нашуд, ки онро аз рӯи ҷавобаш қазоват кардан мумкин буд.
— Хайр чӣ, Кассий, аз рӯи ҳақ ва инсоф қоил шудан лозим, ки ту ба қадри кифоя басе равшан гап задӣ. Вале ман намедонам, ки духтари ман майли туро дорад ё не. Ту мегӯӣ, ки розӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор