Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Ман чӣ гуфтани туро медонам. Нагӯй ҳам мешавад. Ман худам ба ҷои ту мегӯям: «Фикр кун, ки ман туро дӯст медоштам». Ана чӣ гуфтани будӣ. Ман инро таъкид ҳам намекунам, — ба гапаш давом намуд ӯ, ки маъюсиаш меафзуд.— Ман туро гунаҳгор намекунам, ки ба ман ишваю ноз мекардӣ. Гунаҳгор худованд, ки ба ту чунин ҳусну ҷамол додааст, ё иблисе, ки ба дидани талъати ту маро маҷбур сохт!

— Суханони ту фақат боиси дарду озори ман мегарданд. Ман гумон намекунам, ки ту чоплусӣ карда бошӣ. Ту ниҳоят бо ҳарорат гап мезанӣ, ки кас аз ту гумонбар шавад. Ва лекин боқарор кун, Кассий, ин фақат ба назарат менамояд ва ту аз ин ҳақорат бо осонӣ раҳо ёфта метавонӣ. Охир бисёр занони аз ман дида хушруйтаранд, ки чунин изҳори ишқ писандашон гардад. Чаро ту ба онҳо муроҷиат намекунӣ?

— Чаро? — маъюсона такрор кард ӯ.— Чӣ хел саволи бемаънӣ!

— Ман онро такрор мекунам ва бемаънӣ намешуморам. Ман бояд сидқан ба ту гӯям, Кассий, ки туро дӯст намедорам ва ҳеҷ гоҳ дӯст дошта наметавонам.

— Пас, ту ба ман ба шавҳар намебароӣ?

— Ана инаш саволи тамоман бемаънӣ! Гуфтам, ки туро дӯст намедорам. Ва ҳамин, ба гумонам, кифоя.

— Вале ман гуфтам, ки туро дӯст медорам! Аммо ин фақат яке аз он сабабҳои туро ба занӣ хостани ман аст, — сабабҳои дигар ҳам ҳастанд. Оё ту ҳамаашро шунидан мехоҳӣ?

Акнун Колҳаун илтимосу илтиҷо намекард. Ӯ аз нав ба паланг монанд шуд.

— Ту гуфтӣ, ки сабабҳои дигар ҳам ҳастанд? Гуфтан гир, ман аз ҳеҷ чиз наметарсам.

— Ҳамту! — лабханд кард вай.— Ту наметарсӣ?

— Не, наметарсам. Аз чӣ тарсам?

— Албатта, ту не, балки падари ту бояд тарсад.

— Гап зан. Ҳар чӣ ки ба падарам дахл дошта бошад, ба ман низ дахл дорад. Ман — духтараш мешаваму дар айни ҳол ягона фарзандаш мебошам... Давом деҳ, Кассий. Чӣ хел балоҳо ба сари вай омада истодаанд?

— Бало не, Лу, аз бало дида чизи басе ҷиддӣ ва ҳақиқӣ. Мушкилиҳое, ки ба иҷрои онҳо зӯраш намерасад. Ту маро ба гуфтани чизҳое маҷбур мекунӣ, ки донистани ту ҳеҷ лозим нест.

— Оҳ, наход? Бачаи амма, ту саҳв мекунӣ. Ман аллакай ҳамаашро медонам. Медонам, ки падарам ба қарз ғӯтидааст ба қарзҳоҳи ӯ ту мебошӣ. Чӣ тавр ман инро дида наметавонистам?

пешина
аз 509
навбатӣ