Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Каса-дель-Корво ҷамъ омада буданд; фарқ фақат дар ҳамон мебошад, ки имрӯз издиҳом сершумортар мебошад.

Гуфтан мумкин аст, ки ин ҷамъомад боз як хусусияти дигар дорад: имрӯз ҳамроҳи мардон занон ҳам омаданд — занон, хоҳарон, духтарон. Баъзеи онҳо савори асп омада аз зин намефуромаданд; кулоҳҳои мулоими лапарҳояшон фуроварда чашмони онҳоро аз шуоъҳои тобони офтоб муҳофизат мекунанд. Дигарон дар зери лабгӯшаҳои катонии фургонҳо ё худ дар пушти пардаҳои басе нафиси карета ва фойтунҳо ҷой гирифтаанд.

Ҳама дар оташи бетоқатӣ месӯзанд. Имрӯз суд таъин гардида буд, ки дар бораи он дар сар то сари округ кайҳо боз гап мезаданд.

Зоҳиран, гуфтан фоида надорад, ки Морис Чералдро, ки одатан Морис-мустангер меноманд, суд мекунанд.

Қирои илова намудан ҳам намекунад, ки ӯро ҳамчун қотили Генри Пойндекстер гунаҳгор мекунанд.

Мардуми зиёд на барои он ҷамъ омадааст, ки ҷинояти ниҳоят вазнин содир карда шудааст ва на аз рағбати ба мақтул ё қотили гумонӣ доштаашон, ки онҳоро қариб ҳеҷ кас намешинохт.

Охир ин суд — суди олии округи Увальд — чандин маротиба буд, ки дар ин ҷо ҷиноятҳои аз ҳама гуногун: дуздӣ, каллобӣ ва, ниҳоят кушторҳо дида мебаромад, — вале одатан бист-сӣ одам иштирок мекард, ки суд ҳукм набаровардан пеш монда мерафтанд.

Чунин мардуми бисьёрро чӣ ба ин ҷо ҷалб карда буд? Як қатор сабабҳои аҷиби сарбаста, фоҷианок ва, шояд, бо ҷиноят алоқаманд, ки дар бораи онҳо ин қадар бисьёр гап мезаданд.

Ҳоҷати як ба як номбар кардани ин сабабҳо нест: онҳо аллакай ба хонанда маълуманд.

Ҳама касони дар қалъаи Инҷ ҷамъ шуда бо умеде ба ин ҷо омада буданд, ки суди дар пеш истода кушоиши муаммои сарбаста мегардад.

Албатта, дар байни ин издиҳом одамоне ҳам ҳастанд, ки на фақат аз барои кунҷковии бекора ба ин ҷо омадаанд, балки барои он ки ба қисмати айбдоршаванда аз таҳти дил шавқманд мебошанд. Дар ин ҷо касоне низ ҳастанд, ки бо эҳсоси басе амиқ ва андӯҳнок ошуфта мебошанд, — ин дӯстон ва хешовандони ҷавонанд, ки ӯро қотил мешуморанд. Фаромӯш кардан лозим нест, ки ин ҳанӯз исбот нашудааст.

Вале ба ин ҳеҷ кас шубҳа намекунад. Якчанд сабаби ба
ҳамдигар вобаста набуда ба гумон бурдан имкон медиҳанд, ки

пешина
аз 509
навбатӣ