Зеҳн

Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 1 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 1 аз 499 · 2 ноябри 2026

ҶАДВАЛИ ТАҚДИР

Роман
“Гургро чӣ қадар парвариш накунед, ўро нигоҳ ба беша аст”.

Бо каме дермонӣ ҳам бошад, ман ба ҷои ҳодиса омадам, чун ки ин хоҳиши дили банда не, балки амри сарвари милиса буд .
Ронанда мошинро дар саргаҳи тангкӯчае боздошта, роҳи наздиктарини ба ҷои ҳодиса рафтанамро шарҳ дод, чунки роҳ дар он мавзеъ канда шуда буд ва кормандони идораи хоҷагии коммуналӣ ба таъмири қубурҳо дасту остин бар зада.
Баъди панҷ - шаш дақиқа ман ҳамаи он монеаҳоро паси сар намуда, пушти девори баланди бетоние рост шудам.
Аз рўӣ дастури ронанда аз паҳлуи он девори баланд ҳаракат намуда, баъди сад - саду панҷоҳ қадам баробари тамомшавии девор ба тарафи чап тоб хӯрдам.
Ҳамагӣ як нигоҳ басанда буд, ки дар он маҳаллаи навбунёд чӣ рўзгоре доштани сокинонашро пеши назар оварам. Аз тарҳи хонаҳои сохташуда, ки ҳар кадоме чун акси “Тоҷмаҳал” ба чашмам намуд, ба хулосае омадам, ки сокинонаш низ чун Шоҳиҷаҳону Аврангзебанд,вале...
Бо ҳама он зебогӣ дар он кӯча банда даву този кӯдаконро надидам. Пушти ду - се дарвоза нафарони низомипӯшро дида, ба хулосае омадам, ки сокинонаш тариқи кормандони раёсати “Муҳофиза” худро аз нигоҳи атрофиён ҳифз намудан мехоҳанд. Дар рў ба рўӣ дарвозаи аввал ман аз нафаре, ки дар либоси низомӣ буд, имдод хостам, вале ў гўё ба даҳон об гирифта буд. Танҳо баъди нишон додани шаҳодатномаи хизматиам, мусоҳибам ба сухан даромада: - Баъди панҷ дарвоза шумо кормандони идораи хешро хоҳед дид.
Ба мусоҳиби аввалинам ташаккур гуфта, роҳамро давом додам.
Дари дарвозаи шашумро кушода дида нигоҳамро ба самти дохили ҳавлӣ дӯхтам. Дар пеши бино аз дарвоза дар масофаи сӣ – сиюпанҷ қадам дуртар нозири минтақавӣ Қосими Содиқро дида пурсидам:

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа