Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 315 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 315 аз 499 · 2 ноябри 2026

Боиси нигаронии мо он буд, ки баъзе аз ҳамсуҳбатонамон кӯшиш мекарданд ба нишондоди хеш пероҳани зебое пўшонанд. Суханпардозии чунин нафарон дар қалби шунаванда қиссаи рўзгори арўсеро, ки дар фасли зимистон баъди шаби аввали арўсӣ аз паси оинаи тиреза ба берун нигариста, - “оҳ чӣ қадар дарахтон ғарқи гул шудаанд” гуфтаастро ба ёд меовард.
Аз рўйи нигоҳ ба рафти ҳодисаи дар он рўзи боронӣ ба вуқўъ омада мо хабарҳоро ба се гурўҳ ҷудо намудем.
а). Аз дохили автомашинаи ”Тайота Ленд Крузер” баромадани намояндаи ҷинси латифро касе надида.
б). Ҳаракати бонуро дар ҳамон самте, ки шоҳиди асосӣ дар нишондодаш оварда буд, чанд тан аз нафарони дар ҳамон лаҳзаҳо чорроҳаро убуркунанда тасдиқ намуданд.
Мутаассифона онҳо низ аз рўйи вазъи ҳамонлаҳзаина (борони сахт, ки бо шамол омехта шуда, ба сару рўяшон мезад ва убур намудани гузаргоҳ) ба он бону дуруст зеҳн монда натавонистанд.
в). Нафаре, ки дар ҳамон лаҳзаҳо гузаргоҳро аз самти чап ба рост убур намуда буд, моро бовар кунониданӣ мешуд, нафари аз дохили он автомашинаи бошукўҳи хориҷӣ беруномада на намояндаи ҷинси латиф, балки мард буд ва ба тарафи истгоҳ ба ҳамон самте, ки банда ҳаракат доштам, рафт.Ин марди шоҳид суханашро бо он асоснок намуд, ки ҳангоми сабз шудани чароғаки роҳнамо дар самти ҳаракати пиёдагардон вай аввал ба тарафи чап нигариста, қисми аввали роҳро убур намуда, ва сипас ба тарафе назора намудааст, ки автомашинаҳо ба онҳо хело наздик буданд ва дар ҳамин як нигоҳи кутоҳ ў аз дохили автомашинаи “Тайота Ленд Крузер” берун омадани марди синну солаш ба ҷое расидаро дидааст, ки ба тарафи истгоҳи дар тарафи рости самти ҳаракати автомашинаи дар байни роҳ аз ҳаракат монда кадам зада рафтааст.
Чун то кунун мақоли франсавиҳо ”шерше ля фам”14 ҳамчун назарияи асосии корҳои ҷустуҷўӣ қарор дошт ва акнун нишондоди роҳгузаре, ки дар он рўзи борони аз самти чап ба

14 Занро ҷўед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан