Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 354 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 354 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Номаш Саид, насабашро намедонам. Чанд моҳ шуд, ки мо шиносем, муносибатамон то кунун аз доираи дўстӣ берун набаромадааст.
-Чӣ тавр метавонад шахс ба хотири як шиносоӣ ба амале даст занад, ки барои он дар қонун ҷазо пешбинӣ шудааст.
-Ба хотири муҳаббат одамон ба ҳар роҳ мераванд.
-Худи ҳозир гуфтед, ки муносибатамон то кунун аз доираи дўстӣ берун набаромадааст.
-Инкор намекунам.
-Пас муҳаббат дар куҷост?
-Аз дўстӣ то муҳаббат як қадам роҳ аст, наход ҳаминро ҳам надонед.
-Мебинам, ҳеҷ аз таҷрибаи рўзгор баҳра набардоштаед,

  • қариб бо рангу рўйи канда гуфт муфатиш.
    -Чиро дар назар доред?
    -Ҳамон ҳолатеро, ки барои як хато дари хонаи падарро ба рўятон бастед.
    -Хоҳиш мекунам аз доираи ваколатҳоятон берун набароед, - эътироз намуд ҳимоячӣ.
    -Бубахшед, - гуфт муфаттиш ва боз аз қисмати сеюми суоли хеш пурсон шуд.
    -Ман дар кадом вазъ афтоданамро ба Саид фаҳмонидам, то ў чорае андешаду сояро аз болоям дур афканад.
    -Аз куҷо ва чӣ хел хатарро ҳис намудед?
    -Ҳама корҳо тахт буд, вале мисли оне, ки бало аз зери по мехезад, шабе тариқи барномаи “Ахбори криминалӣ” ҳодисаи дар кўчаи Айнӣ рухдодаро бо майдатарин ҷузъиёташ ба самъи тамошобинон расониданд. Ҳатто гуфтанд, ки аз дохили автомашинае, ки баъди чанд дақиқа ронандаашро фавтида ёфтанд, зане берун омадааст ва ба кадом самт ҳаракат намудааст. Гуфтанд ҷиноят то майдатарин ҷузъиёташ ба нақша гирифта шуда будааст, чунки қотил ба мақсади ба иштибоҳ андохтани тафтишот дар он рўзи боронӣ дар дохили салони автомашина занбӯри асал сар додааст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан