Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 356 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 356 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чӣ хеле ки аз “оинаи нилгун” ҳодисаро бо тамоми ҷузъиёташ ба гўши тамошобинон расониданд, ман ҳам он рўз ба гўши рафиқе, ки барои сояро аз болоям дур намудан розӣ шуда буд, мавқеи хешро дар хати ҳимоя баён намудам.
-Мо дар атрофи ҳодиса хеле давр задем ва шумо низ гуноҳи хешро дар содир намудани ҷиноят эътироф намудед, ҳамин хел?
-Бале, мо дар атрофи амали анҷомдодаи банда давр задем ва дигар инкор кардани он маъние надорад.
-Пас мегуфтед, ки чӣ тавр ва бо кадом роҳ ронандаро ба ҳалокат расонидед?
-Ронандаро не, судяро.
-Ў барои тафтишот ҳамчун нафари дар сари чанбараки автомашина буда боқӣ мемонад.
-Дар ёдатон бошад, ман ҳатто дар вохўрии дирўза ҳам гуфта будам, ки қонун танҳо барои бечораю камбағал аст. Ман ҳайронам, чаро шумо эътироф кардан намехоҳед, ки қотил қасд ба ҷони ронандаи нақлиёт не, балки қасд ба ҷони нафаре намудааст, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш виҷдонашро фурӯхта, гунаҳкори асосии як фоҷиаи калонро бегуноҳ ҳукм кард.
-Магар суханони сермурчу қаланфури шуморо имкони фаромӯш намудан ҳаст?
-Надонам, - китф ба ҳам кашида гуфт боздоштшуда.
-Нест, чунин имкон нест, вале мо аз як ҳолати кор дар шигифтем.
-Аз кадом ҳолат? - пурсид Фотима Амон.
-Аз он чӣ ки уштур гуноҳи ҳамаро мебинаду каҷии худашро не.
-Ман аллакай гуноҳро ба душ гирифтам, боз чӣ мехоҳед?
-Нагуфтед, ки чӣ тавр ва бо кадом роҳ ронандаро ба ҳалокат расонидед?
-Бо сўзандору ба шоҳраги гарданаш задам.
-Он чӣ доруе буд, ки дар як лаҳзаи кўтоҳ вай олами фониро тарк кард ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан