Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 359 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 359 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ба таври дигар гўем, амали он марди аҷнабӣ боре ҳам шубҳаеро ба вуҷуд наовардааст. Чӣ хеле аз суҳбати Саид бо Муҳиб фаҳмидам, он марди морбозро оқибат заҳри мори бо худ овардааш ба ҷаҳанам фиристодааст. Дурусттараш баъди боздоштшавиаш дар милиса ў аз ҳамон заҳр истифода бурда, худро ба ҳалокат расонадааст.
-Ному насаби он мардро нагуфт?
-Номаш Абдулло ва чанд бинти ё оли дигар ҳам дошт, вале пурра он ном дар ёдам намондааст, худаш аз кадом як давлати қитъаи Африқо буда, бо забони арабӣ гап мезадааст.
Ба ростӣ, баъди шунидани суханони Саид дар ниҳоди ман ҳам як шўълае барои гирифтани интиқом бедор гашт ва чун аз рўзгори эшон бохабар ва аз муносибати сарди ў ва ҳамсараш огоҳӣ доштам, бори аввал худам ба тарафаш ишорае намудам, ки қариб дасту по хӯрда буд.
-Яъне, шумо худатон ба вай изҳори муҳаббат намудед?
-Не, ман ин амалро дар шакли хеле одӣ анҷом додам.
Дурусттараш вай ҳафтае пас аз он суҳбаташ боз ба аёдати Муҳиб омад. Чун тайи ин муддат ман аллакай нақшаи ҳисоббаробаркуниро бо судя дар майнаам тарҳрезӣ намуда будам...Пайдо намудани он заҳри асрорангези мори африқоиро мақсади аввалиндараҷаи хеш қарор додам.Тайи як ҳафта ман роҳҳои гуногуни амалиёти дар пеш истодаро хеле ҷустуҷў намудам ва ба хулосае омадам, ки бе пайдо намудани он заҳр, ки шубҳаеро бедор намекунад ба чунин амалиёти мураккаб даст задан маъние надорад ва баъди андешаҳои зиёде номзадии Саидро ба мақоми нафаре, ки метавонад он заҳрро бароям дастрас намояд, дар замирам ҷо намудам. Чун ман боварии кулл ҳосил намудам, ки танҳо тариқи ҳамин мард он заҳрро, ки шубҳаеро бедор намекунад, пайдо карда метавонам, интизори омаданаш шудам ва баробари пой ба остонаи хона гузоштанаш ўро ба назди Муҳиб даровардам. Дастурхони хоксоронае густурдам ва худ барои ба суҳбати онҳо халал нарасонидан аз пушти курсии Муҳиб болои курсичаи пасттаре нишаста, машғули ҷўроббофӣ шудам...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан