Мақсаду мароми дар замирам ба туғёномада тақозо мекард, ки ўро ҳарчи бештар ба худ ҷалб намоям, аз ҳамин лиҳоз саргузашти хешро ба пуррагӣ барояш нақл кардам.
Гуфтам, ки аз барои Муҳиб шуда, дари хонаи падару модарро ба рўям бастам ва худ дида истодаӣ, ки шавҳарам дар чӣ ҳол аст. Гуфтам, ки ман дигар тоқати дидани ин ҳолро надорам.
Чун суҳбаткунон мо хеле роҳ рафта будем, баъди аламҳои дили хешро тоза намудан қатраҳои ашк дар бари рухсорам ҷорӣ шуд. Дар ҳамон ҷо мо ба курсие нишастем. Саид маро ором намудан мехост, вале чун қасди интиқом дар дилам ҷӯш мезад, ман то тавонистам нақши хешро дар пеши Маҷнун бозидам. Ў ҳатто рўймолча бароварда, ба сӯям дароз кард, то ашки чашмонамро пок кунам, вале ман гирифтани онро рад намудам. Сипас Саид худаш ашки дар бари рухсораам ҷаршударо бо дастрўймолчааш пок карда, сараввал аз пешонаам ва баъд аз бари рухсораам бўсид. Ман ҳатто ба ин амалҳои ў муқобилят накардам. Мо боз лаҳзае суҳбат намуда, аз курсӣ бархестем.
-Шояд боз каме сабр намоед, гуфт, - Саид.
-Наметавонам, медонӣ, ки маро Муҳиб ҳам интизор аст, - гўён ин даъфа ман барои хайрухуш даст дароз намудам, вале Саид маро ба сўйи хеш кашида, аз лабонам бӯсид. Хандидам ва бо азобе дастамро аз дасташ раҳо намуда, ба ҳамон самте, ки омада будем, ҳаракат намудам.
-Исто, ки боз кай вомехўрем? - пурсид Саид.
-Ҳамааш аз худат вобаста, - гўён ман аз ў дур шудам.
Субҳи рўзи дигар ман боз ўро дар назди ҳамон дӯкони нонфурўшӣ дидам ва мо боз дар ҳамон пайроҳаи дирўзаамон қадам задем. Саид иқрор шуд, ки тамоми шаб симоям дар пеши назараш будааст ва акнун зиндагиро бе ман тасаввур карда наметавонад.
-Гуфтам, агар чунин аст ба ман аз ҳамон “доруи” овардаи он арабӣ ба ҷиҳод омада дастрас намо.
-Онро аз куҷо ёбам? - гуфт вай.
-Агар дўст дорӣ, меёбӣ, охир замоне мардумон ба хотири ишқ чӣ корҳое намекарданд.
Рўзи дигараш ман ҳатто ба ҷойи вохўрӣ нарафтам, вале соате пас аз он, вақте ки ба дӯкон мерафтам, вай ба хона омад.





