Директори завод Сатторов марди ниҳоят меҳрубон буд ва бо амри ў ман худи ҳамон рўз дар сехи дуредгарӣ ба кор шурўъ кардам.
Ҳарчанд то кунун ман рандаро ба даст нагирифта будам, бо фармони директор ба ман дараҷаи сеюмро раво донистанд, ки ба забони одӣ ин баробари онест, ки кас ин касбро дар омўзишгоҳи касбӣ – техникӣ бо баҳои аъло хатм кунад. Худи ҳамон рўз дар хобгоҳи завод воқеъ дар кўчаи Партизани сурх ба ман ҳуҷрае ҳам доданд.
Чанд рўз бо дили гарм ба кор рафтам ва ҳатто сардори сех Анатолий Фёдорович Смагин боре дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди байналхалқии меҳнаткашон 1–уми Май барпогардида ному насаби бандаро низ ҳамчун коргари пешқадам зикр кард.
Дар ҳамин ҷо ман бори аввал бо бахилӣ, ки онро бахилии тоҷикона мегўянд, рў ба рў шудам. Аз мобайни зал марде даст бардошта, Анатолий Фёдоровичро барои рўйбиниаш нисбат ба банда гунаҳкор карданӣ шуд. Баъдтар фаҳмидам, ки бояд Анатолий Фёдорович ба ҷойи ман номи писари ўро мегирифтааст, яъне Сабзаев нею Сурхаков мегуфтааст, вале баъди баромади Сурхакови калонӣ сардори сех якравии худро нишон дода гуфт, ки писари шумо дар як ҳафта кори якрўзаи Сабзаевро намекунад. Ҳамаи аҳли зал хандиданд ва Сурхакови калонӣ зали маҷлисгоҳро тарк кард…
Бо шарофати баромади сардори сех баъди як ҳафта ман меҳмони ҳушёрхона шудам. Воқеа чунин ранги аҷиб гирифт, ки ман худам ҳам чӣ тавр ба ҳушёрхона афтиданамро надонистам. Тахминан панҷ – шаш рўз баъди маҷлис Сурхакови калонӣ баъди кор маро дида, барои баромади онрўзааш узр пурсид ва гуфт, ки биё ба ошхонаи сари роҳ даромада, барои аз дил баровардани ҳамон гапҳо панҷоҳтогӣ гирем. Ҳарчанд ман то кунун боре ҳам ҷуръаи майро ба лаб набурда будам, ба хотири гапи мўйсафед гардани шайтонро шикаста, панҷоҳто гирифтам. Ў бошад, менўшиду менўшид…
Вақте ки мо аз ошхона баромадем, машини милиса, рўйи роҳ меистод ва моро дида аз кабина милисионере баромада, назди ман омада, “ту бача мастӣ гўён” маро маҷбуран ба мошин савор кард.





