Ҳамин тариқ, ман аввалин маротиба бархилофи ақидаи падар баромада, қонунро пеши по задам ва ба торҳои танидаи аъзои “Бюрои сиёсӣ” - и маҳал дармондам. Норбоеву Насимов мумкин чандин нафар гумроҳони дигарро чун ман ба зери “ҳимоя”– и хеш гирифта, оқибат хонасалоташон намуданд.
Вале он моҳ ва боз ду – се моҳи дигараш ман ба номи Норбоев ва Насимов ифтихор доштам.
Тахминан ду моҳ пас аз гирифтани аттестат раисбобо маро ба наздаш хонда гуфт, ки Сангинмурод камтар кор афтидааст.
Борҳо аз забони падарам шунида будам, ки мегуфт:- “бачам, қарз бо баргардониданаш зебост” ва имрўз ки худи раис ба хизматӣ ман ниёз дошт, қариб сарам ба осмон расид.
-Раисбобо, ҳар чӣ бифармоед ман тайёр. Раис гуфт, ки ман бояд ба ноҳия равам.
-Кай равам?
Гуфт ба он ҷо бояд ту ду маркабро гирифта барӣ. Барои як дўстам маркаб даркор будааст. Агар маркабҳоро хуш карда гирифт, чӣ хубе ва агар баргардонд ту бояд онҳоро гирифта биёӣ.
Ман, ки аллакай омодагии худро изҳор карда будам, пурсидам, ки кай ба роҳ бароям?
Раис гуфт, ки телба нашавам. Аввал ин ки дар хонаатон бояд аз ин сафарат хабардор нашаванд, яъне баҳонае ёфтан лозим, ки ту ду- серўза ба ноҳия, ба хонаи ягон дўстат меравӣ.
Ин тарафи масъаларо низ ман ба душ гирифтам. Баъд раис гуфт, ки Сангинмурод бо роҳи автомобилгард рафтан лозим нест.
– Чаро раисбобо?
– Эҳ, Сангинмурод, ту ҳоло ҷавонӣ ва аз баду неки ҷаҳон хабар надорӣ. Медонӣ, ки то ба ноҳия рафтан бояд аз чанд дидбонгоҳи чи Ҳукумати ва чи мухолифини Ҳукумат гузарӣ.
Онҳо агар сўзан гузарад, ҳамаашро ба қайд мегиранд. Дар он сурат маркабҳои бурдаи ту ҳам аз мадди назарашон дур нахоҳанд монд. Агар ҳамин “дидбонгоҳҳо”-и зормонда намешуданд, ман худам онҳоро ба автомашинае бор карда мефиристодам.
– Чӣ хеле шумо фармоед, ҳамон хел меравам.





