– Дурўғ нагўед, вагарна як тирро аз пешонаатон дареғ нахоҳам дошт,– гўён яроқи дар дастам бударо ба тарафаш рост кардам.
Ў чун кўдак пеши поям афтид ва илтиҷо кард, ки аз гуноҳаш гузарам.
– Канӣ гап зан лаънатӣ!
– Дар ҳақиқат ману он мўйсафеди дўстам туро фиреб додем, вале гумон накун, ки муфаттиш раҳматро хўрду барои даҳ грамм шинонд. Бовар кун, он чӣ ки мо додем, мо медонему Худо,– дар ҳамон ҳолати дуқатшуда гуфт ў.
– Майлаш, акнун дурусттар нишину ҳамаашро чӣ хеле буд гап зан. Чунки маҳз бо гуноҳи ту ва он дўсти беимонат ман ёздаҳ соли ҳаётамро дар ҳабсхона гузарондам.
– Се солашро Сангинмурод ман тайёрам, ки ҷуброн намоям.
– Ёздаҳ сол!– гуфтам ман ва милли автоматро боз ба тарафаш рост кардам.
– Майлаш ман розӣ, чӣ қадар мехоҳӣ, гап зан.
– Не, аввал ту он ҳодисаро нақл кун, пас мебинем. Ҳарчанд ў ҳамсинну соли падарам буд, вале барои шумо гуфта муроҷиат кардан забонам намегашт.
– Сангинмурод, ту хаёл мекунӣ, ки ман ҳамин хел раис шудам.
– Набошад чӣ?
– Хато мекунӣ.
– Чӣ хел хато?
– Ҳамин хел хато, чунки ту чӣ будани мафияро намедонӣ.
– Чӣ хел мафия? Наход дар ҳамин кўҳистони кўчаки мо, ки ҳама ҳамдигарро мешиносанд, мафия амал кунад, пас милисаву прокурор ба куҷо нигоҳ доранд?
– Ту аслан медонӣ, ки мафия чист? – дар навбати худ суол дод Норбоев.
– Дар кинои комиссар Катани дида будам. (филми “Ҳаштпо” дар назар аст).
– Мафияро, Сангинмурод, бо чашми одӣ не, балки бо чашми дил дидан лозим. Танҳо баъди ин ба қудрату тавоноии он бовар хоҳӣ кард. Аслан мафия чун исму сифат қоидаи худро дорад ва ба пиндори банда он қоида чунин аст:





