Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 415 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 415 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Сангинмурод, кор ҳаст.
Банда, ки баъди гирифтани ҳафт ҳазор доллар каме ҳам бошад осуда шуда будам, пурсидам:
– Чӣ хел кор?
– То шаҳр як борро гусел карданат даркор.
– Чӣ хел бор?
– Камтар сафедӣ ҳаст.
– Чӣ хел сафедӣ?
– Героин?
– Боз мехоҳӣ, ки аз нав маро ба дорулахлоқ фиристӣ?
– Гўш кун, Сангинмурод, ин ҷо шербачаҳое ҳастанд, ки ҷон – ҷон гуфта мераванд, вале пулро бегона кардан чӣ лозим?
Ман танҳо аз рўйи дўстӣ ба худат муроҷиат намудам. Ба замми ин, дар роҳ туро пешвоз мегиранд ва боз гардонда меоранд.
Дар ҳамин ҷо ялоқ – ялоқ гаштанат чӣ фоида?
– Ҳиссаи ман чӣ қадар аст?
– Панҷ фоиз аз даромад.
– Ин кам аст.
– Ин аз маблаги ёздаҳсола коркардаат бештар мешавад.
– Ман бояд фикр кунам.
– Ба ту як рўз муҳлат, агар маъқулат шавад, фардо дар таги чанори деҳа дар ҳамин вақт вомехўрем.
Тамоми шаб мижа таҳ накардам. Он долларҳои зормонда ҳеҷ аз пеши назарам дур намешуданд. Ҳарчанд ман анҷоми корро намедонистам, вале долларҳои ваъда кардаи Норбоевро аллакай дар ҷайби хеш медидам…
Дар вақти таъиншуда ба таги чанори деҳа рафтам ва дере нагузашта раис ҳам омад.
– Хуш, чӣ хел Сангинмурод?– гўён ў бо ман вохўрӣ кард.
– Ман розӣ, кай ба роҳ бароям?
– Тайёр бош, борро ки гирифтанд, гап мезанам,– гўён раис аз назди ман дур шуд.
Сафари ман баъди даҳ рўз оғоз ёфт. Ман дар остонаи кўҳи Валвалак автомашинаи «УАЗ – 469» – ро, ки ҳамроҳи ронанда марди либоси ҳарбипўшеро низ оварда буд, пешвоз гирифтам.
Чун ў паролро гуфт ва ман ҷавоби онро гардонидам, ў аз автомашина линчаеро берун овард. Сипас, ҳамон марди либоси ҳарбипўш вазифаи маро пурсид. Ман, ки дар бораи чӣ хел бурдани бор аз худи Норбоев дастур гирифта будам ва онро аз ёд намуда будам, ҳамаашро такрор кардам:- Такрор зарар надорад, ана дидӣ, аллакай ба хатогӣ роҳ додӣ, – гуфт мусоҳибам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан