Ҳамин тариқ то дамидани субҳ мо ҳама балою офатҳоро паси сар карда, ба Душанбе расидем. Полковник дастони маро кушод ва амр кард, ки лингчаро бардорам. Банда амри ўро иҷро намуда, лингчаро то ошёнаи ҳаштуми бинои нуҳошёна, ки лифташ кор намекардааст, баровардам Вадуд дарро кушод ва мо ҳар се вориди хона шудем.
– Ана дидӣ, Сангинмурод, чӣ хел ҳамаро фиреб додем, ҳатто касе дар ин роҳҳо ҷуръати пурсидани полковникро намекунад. Дигаронро бошад қариб, ки урён мекунанд, гўё сафедию афюн мекобанд, вале онҳое ки мисли мо мошин мошин маводи мухадир мебаранд, касе ҳам дар суроғашон нест…
Онҳо тағйири либос карданд ва мо ба поён фаромада, ба автомашина нишастем ва Қосимҷон ин дафъа автомашинаро пеши бинои панҷошёна дар маҳаллаи Испечак боздошт. Вадуд аз автомашина фаромада, ба тарафи қафои бино гузашта аз назар ғоиб шуд. Мо қариб як соат интизор шудем. Ниҳоят ў баргашта, хабар дод, ки баъди се шабонарўз бо ман ҳисобӣ хоҳад кард.
Мо пеши чойхонаи «Роҳат» фаромада, субҳона хўрдем ва баъди ин аз ҳам ҷудо шудем…
Дар шаҳр се рўз ялоқ –ялоқ гаштам. Аз ҳама аҷибаш ба назарам ба аскарӣ гирифтани ҷавонон намуд. Чанд бор шоҳиди он шудам, ки кормандони комиссариати харбӣ ҳамроҳи милисаҳо автобусҳои дохили шаҳриро манъ карда, ҷавонони синну солашон ба аскарӣ расидаро мефароварданд ва ба автобуси худашон савор мекарданд. Инро ба забони одӣ “облава”мегуфтанд. Аз байни дар “облава” афтидагиҳо соҳибдоронашон халос мешуданд ва бесоҳибонашонро ба хатти пеши фронт, ба муқобили мо мефиристоданд…
-Чӣ дунёе, – андешидам ба худ.
Ҳарчанд ман баъди ҳукми суд барои вайрон кардани қоидаи назорати маъмурӣ ду сол аз озодӣ маҳрум шуда будам ва гурўҳҳои армияи озодихоҳ бандаро озод намуда буданд, дигар касе дар фикри дастгир кардани ман набуд. Намедонам нисбат ба ман ҷустуҷўй эълон карда буданд ё не, вале аз он ки ҳаррўза ман бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохўрда, ҳамдигарро чун дўстони дерина ба оғўш мегирифтем, ба хулосае омадам, ки то вақту соаташ касе пишаки бандаро пишт нахоҳад гуфт.





