Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 452 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 452 аз 499 · 2 ноябри 2026

… 12 …
Ақл чун бод аст арзон дар ҷаҳон,
22
Ишқ камёбу баҳои ў гарон.

Баъди як ҳафта маро аз беморхона ҷавоб доданд ва ин оғози вохўриҳои пинҳонии ману Паризод гашт. Хизмати Анораро дар ин ҷода қайд накардан беинсофӣ мебуд. Ў дар ҳақиқат Робиаро дўст медошт ва борҳо огоҳаш намуда буд, ки аз ин роҳ баргардад. Вале духтари шаҳрӣ аз кўяш гаштанӣ набуд…
Қарибиҳои саршавии сармо ин охирҳои моҳи октябр буд.
Ман бо супориши раиси колхоз Норбоев дуюмбора ба ноҳия сафар намудам. Ин сафари маро ғайрирасмӣ ва ё пинҳонӣ ғайрилегалӣ ҳам гўем дурусттар буд. Ман ин дафъа се маркабро пешандоз карда, ба хонаи дусти раис бурдам ва аз он сў ду сарашро бо полонҳои нав овардам. Пас зимистон сар шуд ва ману Паризод аз рўйи имконият вомехўрдем. Вохўриҳои мо то сафари сеюми банда, ки бо талаби хоҷаҳои харпараст рух дод, давом кард. Вале то он замон вақти зиёде буд. Тахминан дар як шаби баҳор ин баъди иди Наврўз буд, ҳангоме ки ману Робиа дар равшании моҳтоб ба ҳам рози дил доштем, ногаҳон аз куҷое момояш калтаке дар даст пайдо шуд. Ман, ки пуштам ба тарафи дари даромадгоҳи хона буд, омадани кампирро пайхас накардам, вале Робиа бибиашро дида, ба ман гуфт, ки гурезам.
Кошки намегурехтаму кампир бо он калтаки дасташ зада поямро мешикаст. Дар он сурат ман амри хоҷаҳои харпарастро иҷро карда наметавонистаму якумрӣ аз маҳбубаам, ки аз ҷон бештар дўсташ медоштам, ҷудо намешудам.
Мегўянд, ки кўза на ҳама вақт лаби об рафта бармегардад ва сафари сеюми банда ҳам сафари охирини ман шуд...
Солҳост, ки дигар аз Паризод хату хабаре надорам. Ҳоло ў дар куҷо бошад, меандешидам ба худ. Дишаб дар ҳамин вақту соат ўро хоб дидам. Чӣ хоби ширине…

Сухан аз М. Иқбол.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан