Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 454 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 454 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Не, албатта.
– Пас, аз куҷо гирифтед, ки ман онҳоро парондам.
-Аз хотир набарор, ки девор муш ва муш гуш дорад.
-Шумо аз ман беҳтар медонед, ки сӯйқасд ба ҷони инсон чӣ оқибате дорад ва ин амал дуздӣ нест, ки шумо онро ба гардани ман бор кунед. Ман ба ҷони касе қасд накардаам ва ҳар он чӣ ки шумо гуфтед, дар нисбати хеш туҳмат меҳисобам.
-Туҳмат мегӯед?- пурсид Ташрифов.
-Ҳа, туҳмат.
-Пас агар чунин аст, ана ба ин нишондод шинос шавед,- гӯён мушовири адлияи дараҷаи сеюм аз байни коғазҳои дар пешаш буда чанд варақаеро гирифта назди ман гузошта гуфт:- Марҳамат, рафиқ Сабзаев, худатон хонда ба кирдоратон баҳогузорӣ намоед.
Аз чунин муомилаи хуш ман ҳатто дасту по хӯрдам ва бори аввал ногузир будани шикасти хешро эҳсос намудам, вале бо азобе худро ба даст гирифта, ба қироати коғазҳои пешниҳоднамудаи муфаттиши прокуратура шудам.
Ба прокуратура аз номи нафақахўр Убайдова ариза дохил шуда ва нишондод ҳам дар асоси ҳамин ариза тарҳрезӣ шуда буд. Дар он гуфта мешуд, ки боре ҷиянаш Норбоев писари ўро барои “пешвозгирии” кадом нафаре ба Валвалак даъват намуда буд. Писари ӯ Вазир дар навбати худ писари ҳамсоя Довудро, ки дар сарҳад посбон буд, барои пешвозгирии нафари ба Валвалак меомада ҳамроҳи худ бурд ва дигар онҳо бе ному нишон гум шуданд.
– Хайр, гум шуда бошанд, чӣ? Ман ин ҷо чӣ дахл дорам?
– Агар дахл намедоштед, шуморо даъват намекардем. Аз нишондоди Норбоев бармеояд, ки он ду нафарро бояд шуморо пешвоз мегирифтанд.
– Не, ман онҳоро надидам.
– Дидед ва кори ҳардуро тамом ҳам кардед.
– Чаро ман кори онҳоро тамом мекардам, сабаб?
-Нашъаҷалобон тактика ва стратегияи махсуси тарҳрезишуда доранд ва пеш аз оне, ки Норбоев туро бо лингчаи маводи мухаддир гусел кард, аввал ба Валвалак писархолаашро фиристод, то туро “пешвоз” гирад ва қарзи бори гумкардаро ба гарданат чун тавқи лаънат овезад, то як умр ғуломи ҳалқабаргӯшаш бошӣ, акнун фаҳмиди?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан