Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 472 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 472 аз 499 · 2 ноябри 2026

Аз нишони “зону,” ки ба рўзҳои охири моҳи феврал ва аввали моҳи март рост меомад, мардум ба Наврўз омодагӣ медиданд.Чун ин нишон дар нисбати ду нишони баъди “кордовсун” ва “харомез” нармтар аст. Кампир аз забони Муллохол шунида буд, ки агар пушти “кордовсун” аз баҳор набошад, кураи аспро дар шиками модараш хушк мекунад...
Пиразан ҳар қадар кӯшид, кам солҳоеро ба ёд овард, ки дар Наврўз деҳи онҳо барфпӯш набошад, вале ин монеае барои ҷашнгирии Наврўз намешуд. Мардум аз оғози нишони “зону”, ки ба ду рўзи охири моҳи феврал рост меомад, ба ҷуз сафед кардани хонаҳо боз гирду атрофи хонаҳо ва кўҳу камари атрофи деҳаро хок мезаданд, то дар рўзи нав киштро сар кунанд, то дар рўзӣ нави соли нав ба хотири файзу баракат донаҳои умедро ба замини нав киштшуда пошанд...
Шояд ба ин васила пирони рўзгордида ба чашми ҷамъияте, ки онҳоро аз дину диёнаташон, аз ҷашнҳои миллиашон ҷудо кардан мехост, хок мепошиданд ё ки медонад...
Соли охирине, ки пиразан ду пойи равон дошт, Наврўзро дар он деҳи кӯҳдоман дар сатҳи давлатӣ пешвоз гирифтанд. Чун деҳ дар кӯҳдомани ағбаи бузург ҷойгир асту аз барф танқисие намекашад, бо талаби ҷавонон мусобиқаи лижатозиро низ ташкил намуданд ва дар ин озмун набераи ў низ иштирок намуд, ҳарчанд ў ғолиби озмун ҳам нашуд, вале бибиашро хурсанд кард...
Набераи дар деҳ будаашро ба ёд оварду нафаре, ки дар гаҳвора буд, гулӯ рушан кард...
Чун ҷаҳду талошҳои вай барои ба эътидол овардани вазъият натиҷае надод, пиразан маҷбур шуд келинашро, ки ҳанўз дар саҳни ҳавлӣ ҳамроҳи дастаи “фидоиён” ҷунбуҷӯл дошт, ба ёрӣ ҷеғ занад.
-Хайрият омадӣ, вагарна паҳлавонат,- ў бо дасташ ба тарафи хонаи шафат, ки гаҳвораи сабзи малакутӣ он ҷо буд, ишора намуд, - хонаро ба сар мебардошт.

  • Ба андешаи шумо корҳои мо чӣ хел?- пурсид келин дар ҳоле, ки барои тифлро аз гаҳвора берун овардан ба хонаи шафат гузашт.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан