Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

НУҚТА ДАР ХАТТИ БУРИШ
Роман
Бадбахтиро чӣ гуна метавон осон паси сар кард?
Агар тавонӣ, ки душманатро дар ҳоле бадтар аз худ бубинӣ”
...Ман бисёр кӯшидам, ки сабаби ин даъвати таъҷилии сардори милисаро бифаҳмам, вале котиба дигар каломе ба забон наоварда ба гуфтугӯ нуқта гузошт.
Занги нобаҳангоми телефон маро сари чорроҳаи калон боздошт ва то ба худ омадам, чароғаки сурх дар муқобилам фурӯзон шуд.
Дар чорроҳае, ки то садо додани занги телефон ман онро нияти убур намудан доштам, мавҷи нақлиёти шаҳрӣ бо ишораи чароғаки сабз ба ҳаракат даромад...
Мавҷи бузурги нақлиёт, ки аз нигоҳи банда аввалу охир надошт, тӯфони азимеро пеши назарам овард ва аз ғуриши он мавҷи хаёлотам лапиш хӯрд...
“Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?” Ин аввалин эътирозе буд, ки пас аз занги телефонӣ аз замирам бархоставу бо мавҷи он тӯфони азим омехта шуда.
“Аз куҷо донам сардорро чӣ дарде дар замир аст? Амр намуд то шумо ҳарчи тезтар ба идора баргардед!” - гуфтани котиба бо садову ғуриши нақлиёти шаҳрӣ аз пешам гузашта истода якҷоя шуда, мавҷи андешаҳоямро чун гирдбод аз фарш ба арш бардоштаву боз сарозер ба поён овард.
“Бародар, аз роҳ гузаштанӣ набошед, садди роҳи дигарон нашавед, - гуфтани нафаре маро аз байни андешаҳои бесарунӯг берун овард, ки беихтиёр ҳамроҳи издиҳоми чорроҳаро убуркунанда ба истиқболи чароғаки сабз қадам задам...
Роҳро убур карда таваққуф намудам, то ҳаракатҳои минбаъдаамро дар мизони вақт гузорам.
Занги бемаҳали сардор мақоли халқии “сареву савдое”-ро ба ёдам овард, ки он чун табли бозгашт аз майдони набард буд.
Охир зиёд не ҳамагӣ як соат пеш эшон маро аз пай коре ба ҳамин самт фиристода буд.





