-Барои гуноҳи содир намудаам ман аллакай ҷазои хешро гирифтам ва боз ҳам арз менамоям, ки дар ҳодисаи ба сари Руҳулло Ғаффор омада даст надорам. Дар ин самт ҳама ҷаҳду талошҳои шумо бе натиҷаанд.
-Рафту агар шумо асли воқеаи таърихи сесоладоштаро, ки оқибаташ боз ба марги нафаре сабаб шуд, гуфтан нахоҳед, мо ҳамаи он далелҳои дар нисбати шумо гирд овардаамонро ба прокуратура пешниҳод мекунем. Албатта, сарназоратчии қонун дар асоси маводҳои аз мо гирифтааш бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав дар тафтишот аз болои ҳукми суд дар нисбати шумо эътироз хоҳад намуд. Чун парвандаи пештараи шуморо барои санҷиши иловагӣ баргардонанд, пас худ хоҳед фаҳмид, ки қонун чист.
-Маро тарсонданиед?
-Не, шуморо аз рӯи қарзи инсонӣ огоҳ намудам, то рӯзе нашаваду гӯед, ки чаро дар аввал ба ман ҳамин суханонро нагуфтед. Бояд иқрор шавам, ки дар рӯзҳои аввали содиршавии ҷиноят мо ба беморхона афтодани шуморо як фоли нек барои худи шумо ҳисобидем, бехабар аз он ки шумо ҳанӯз барои ҷинояти аввалаатон, ки дар асл характери қасдона дошт, муҳлати ҷазоро пурра нагирифтаед ва собит намудани ҷинояти пештараатонро низ аз рӯӣ ваколатҳои касбӣ мо ба души хеш гирифтем.
-Бе иштироки ҳимоячӣ дигар ман сухане ба забон нахоҳам овард.
-Чӣ илоҷ мебинам, ки суҳбат ба шумо писанд наомад, минбаъд ҳар чӣ ба саратон омад, онро аз амали нопоки хеш бубинед,- гуфта ман барои боздошти муваққатии Файз Камол супориш додам...
...19...
Субҳи рӯзи дигар Асад Ғанӣ тариқи телефон бандаро ба ҳузураш хонда, ҳушдорам сохт, ки ҳамаи он маводҳои гирдовардаамро, ки боиси боздошт шудани Файз Камол гаштаанд, бо худ гирам. Ҳарчанд нав чашми рӯз кафида буду мо нияти оғоз намудани корро доштем, вале аён буд, ки касе аз болои ман дар нисбати боздошти собиқ ронандаи ҶДММ “Шаҳноз” ба сарназоратчии қонун шикоят бурдааст.





