-Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд. Мо он суханчинро меёбем ё не, чизе гуфта наметавонам, вале шуморо бовар мекунонам, ки бо ҳамин як нишондоди пешхизмати қаҳвахонаи “Дидор” Файз Камолро барои кушодани он асрори ниҳонаш маҷбур менамоям.
-Аз оқибати кирдоратон андеша намоед, рафиқ капитан.
-Шуморо бовар мекунонам, ки тайи ду рӯзи оянда нишондоди муфассали Файз Камолро оид ба характери қасдона доштани ҳаракатҳои таърихи сесоладоштааш болои мизатон хоҳам гузошт.
-Бошад ва агар суоле надошта бошед, метавонед аз пайи кор шавед.
-Ман донистан мехоҳам, ки чӣ тавр дар ҳамин як муддати кӯтоҳ Файз Камол барои боздошт шуданаш аз болои мо шикоят кард.
-Дишаб вай боисрор талаби дидани прокурорро намудааст ва навбатдори шуъба дар ин бора бандаро огоҳ намуд. Аз ҳамин лиҳоз ман ба милиса рафтам ва шикояти вайро оид ба вазъи саломатиаш шунида, духтур ҷеғ задам.
Духтур омада ӯро муоина намуд ва кафолат дод, ки саломат аст. Вай барои ғайриқонунӣ боздошт шуданаш низ аз болои шумо шикоят намуд. Боздоштшударо бовар кунонидам, ки сари субҳ ин қисмати шикояти ӯро низ дар доираи қонун мавриди баррасӣ қарор хоҳам дод. Саволи дигар доред?
-Не.
-Набошад аз пай кор шавед, ё шумо гуноҳи вайро дайн мекунед ва ё ман барои бе асос боздошт намудани шаҳрванд аз болоятон пешниҳод ирсол менамоям.
-Роҳи дигаре нест?
-Чунин роҳро ман надида истодаам, шумо чӣ?
-Ман ҳам.
-Ин тавр бошад, аз пайи кор шавед!
Коғазҳои сарнавиштсозро ман аз дасти сарназоратчии қонун гирифта, бо эшон худоҳофизӣ намудам.
-Навбатдор гуфт, ки “шуморо ба прокуратура даъват намуданд, ба муфаттиш занг задам, хабар дод, ки шуморо надидааст, инро чӣ хел фаҳмидан мумкин, рафиқ капитан?”- баробари дидани ман пурсид Абдурашиди Шариф.





