Дар нимаи дуюми рӯз мо аз корхона баромадем ва бояд роҳамонро давом медодем, вале бархилофи амри роҳбари корхона сармуҳосиб, ки акнун ҳампешаи банда ҳисоб мешуд, пешниҳод намуд, оғози ҳама гуна сафар аз сари субҳ беҳтар аст. “Аз сухани дуст шикастан банда гардани шайтон шикаста” мошинро дар яке аз истгоҳҳои пулакӣ, ки қаровулаш шиноси деринаи сармуҳосиб будааст, гузошта, то субҳи фаро бо ҳам худоҳофизӣ намудем.
Чун ҷавобгарии камомади борро сармуҳосиб ба душ гирифта буд, ман низ бепарво ба хона рафтам. Ҳангоми хайрӯхуш Руҳулло Ғаффор бандаро огоҳ намуд, ки беҳтар мешуд дар бораи ин таваққуф касе аз аҳли корхонаамон, хусусан сарвари он, огоҳ намешуд.
-Метавонед осуда бошед.
-Садқаи инсони ақли фаҳм шавам, - гӯён сармуҳосиб аз ман ҷудо шуд.
Субҳи рӯзи дигар мо ба роҳ баромадем ва новобаста аз ҳама санҷишҳои гумрукӣ баъди се шабонарӯз ба шаҳри Уфа расидем. Ана дар ҳамон ҷо ҳангоми фаровардани бор маълумам гашт, ки моро метавонистанд дар аввалин дидбонгоҳи гумрукӣ боздошт намоянд.
-Бо кадом сабаб?
-Гӯё ки намедонед.
-Шояд ягон бори мамнӯъро аз сарҳад гузаронидед?
-Магар ман ҳамин хел нагуфтам.
-Баъд чӣ шуд?
-Онҳое, ки борро бурданд, бо сармуҳосиб дар алоҳидагӣ суҳбат намуданд ва норозигии бандаро дида, Руҳулло Ғаффор дар ҳамон ҷо ба ман ду ҳазор доллари амрикоӣ дод. Маҳз дар ҳамон лаҳза ман пойбанди нафс шуда, ғурури ҷавонмардии хешро шикастам ва ба ҷои эътироз намудан барои чунин як илтифоти беандозаашон ҳатто ташаккур гуфтам.
-“Таваккал нар бувад, андеша модда” нигоҳи суоломези бандаро пайхас намуда гуфт Руҳулло Ғаффор.





