Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 134 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 134 аз 527 · 2 ноябри 2026

...21...
“Сад аспдошта ҳам рӯзе муҳтоҷи марди як аспдошта мегардад” гуфтани мардумро ҳам ҳикмате ҳаст, вагарна чӣ тавр метавонист нафаре, ки пуф –пуфи одами хоки мегуфту шояд бо ҳама он кару фараш худро сояи Худо дар замин мепиндошт, рӯзе ба суроғи банда биёяд. Сари субҳ, вақте ба кор омадам, аз дур ҳам бошад, он муффатиши ҳавобаландро дар пеши бинои коргоҳ дидам ва ҳатто ба чашмони хеш бовар накардам, ки нафари дар пеши бинои милиса рост истода ҳамон мушовири адлияи дараҷаи дуюм, ҳамон нафарест, ки чанд рӯз пеш бандаро бум-бум номидаву мехост бо пешниҳоди олиҷаноби хеш кори сарвари идораи моро барои аз чунин фарди ноуҳдабарое чун ман халос шудан ёрӣ диҳад, меистод.
-Ҳамон марди қайсар, ки чанд рӯз пеш пуф – пуфи одами хокӣ мегуфт, баробари аз роҳ гузаштанам аз зинаҳои пеши бино чанд қадам ба поён гузошта ба истиқболам ҳаракат кард ва чун шиноси қадрдон дасташро ба сӯям дароз намуда, салом дода гуфт:
-Аз дидоратон шодам, рафиқ капитан!
-Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад, - гӯён ман он муфаттиши ҳавобаландро, ки акнун дар мақоми меҳмон қарор дошт, ба дафтари кориам даъват намудам. Ӯ кинояи аз забонам буруномадаро фаҳмид ё не, чизе гуфта наметавонам, вале аз суҳбати самимиаш ба хулосае омадам, ки вай актёри хубест ва ё умуман аз вохӯрии пештара ӯро ғуборе дар дил намонда...
-Шумо он рӯз гуфта будед, ки қувваи мушт аз муттаҳидии ангуштон аст ва дирӯз сарвари идораи мо низ маҳз ҳамин каломро ба забон оварда, бандаро барои кӯшиши ҳамкорӣ накардан бо шумо гӯшмол дод. Гумон мекунам, прокурори ноҳияи шумо бо сарвари идораи мо доир ба кадом як дастоварди шумо сари суҳбат қарор доштааст ва мехостааст, ки парвандаи дар истеҳсолот будаи моро низ баҳри якҷоя намудани он бо парвандаи Шаҳнози Зокир дар истеҳсолоти муфаттиши прокуратураи шумо буда пас бигирад. Аз ҳамин лиҳоз, банда бо амри сарвари идораамон ба ин ҷо омадам, то бифаҳмам корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин самт дар кадом поя қарор доранд ва чаро прокурори ноҳияи шумо ҳарду ҳодисаро “ҳалқаҳои як занҷира” номидааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан