Сипас мо чанд масъалаи дигарро низ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода, андешаҳои ҳамдигаро дар самти минбаъдаи корҳои ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ фаҳмидем ва дар интиҳо Амини Зариф азми рафтан кард.
-Шояд як пиёла чой?
-Ташаккур, ягон вақти дигар ва хоҳиш мекунам шумо, рафиқ капитан, сари пешниҳоди банда андеша намоед, охир ман намехоҳам меҳнати шумо қадр нашавад, рафту ман талаб намудам...
-Албатта, албатта, гуфтам ман ва аз қафои меҳмон ба гуселаш баромадам.
Баъди рафтани Амини Зариф ман боз муддате дар пеши дари бино рост истода, сипас ба дафтари кориам баргаштам.
Ҳама ҷо сокиту хомӯш буд. Мизбон сари мизи корӣ байни чордевори бетонӣ танҳо, чунки дар аввал иззати меҳмонро ба ҷо наовард, андеша накард, ки “меҳмонро омаданаш чун кӯҳ асту рафтанаш чун бод,- Эҳ зиндагӣ, зиндагӣ,” - гӯён ман даст ба гӯшаки телефон бурдам...
...22...
Ду рӯз пас аз гусели Амини Зариф, дар замоне, ки мо ҳанӯз дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ майна об мекардем, нафаре рӯзномаи “Оинаи зиндагӣ” дар даст ба милиса омад. Аз он чӣ ки ӯ рӯзномаро аз кадом як доскаи “фахрӣ” канда оварда буд, ин худ як нишонае аз қаҳру ғазаб ва нафрати эшон нисбат ба ноширони рӯзномаи мазкур буд. Дар дигар маврид барои чунин густохӣ милиса метавонист эшонро дар асоси талаботи қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад, вале на дар ҳолате, ки шахси рӯзномаро оварда қарор дошт. Дар ин ҷода худи милиса ҳам дасткӯтоҳ буд, чунки коргоҳе, ки ҳифзи ҳуқуқ ва оромии шаҳрвандонро таъмин мекард, аз эҳтимол дур набуд, ки ба хатое роҳ надода бошад. Дар лаҳзаи аввали ба милиса омадани нафари рӯзнома ба даст фикри дигаре ба ёди ман наомад...
-Ин чист? - қариб, ки бе салому бе калом коғази дар дасташ бударо болои мизи кории банда партофта пурсид ӯ.
-Ин рӯзномаи мақомоти милиса, ки дар ҷойҳои сераҳолии шаҳр дар доскаҳои махсуси “фахрӣ” ба мадди тамошои мардум гузошта мешавад ва аз он ки шумо онро канда овардед, гумон мекунам аллакай пой болои қонун гузоштаед.





