Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 3 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 3 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ба фикрам, Ҳамид Ҷовид алови чашматро гирифтааст, нимҷиддию нимшӯхи гуфтам ман.
-Аз куҷо фаҳмидед?
-Аз ҳамон уфи кашидаатон.
-Ҳамаашро сабаб он аст, ки имрӯз сардор бори чандум аст аз натиҷаи ин ариза пурсон шуд, ки оё мо онро ба шумо супоридем ё не.
-Акнун метавонед рафта эшонро аз иҷрои ин амалатон воқиф намоед.
-Муҳим он аст, ки ман вазифаи хешро бекамукост иҷро намудам.
-Дигар “кунда мекафад ё ҷувоз,” бароятон фарқе надорад?
-Ҳар кас вазифаи хешро адо мекунад, агар розӣ набошед, рафта ба сардор шикоят намоед.
Обест оби рӯй, ки н-ояд ба ҷӯй боз, Аз ташнагӣ бимиру марез обрӯи хеш4
-гӯён ман ба тарафи дафтари кориам ҳаракат намудам.
-Метарсам, ки баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳо ақидаатонро дигар накунед, - аз қафоям овоз рӯшан намуд навбатдор.
-Осуда бош, ман аллакай суханамро гуфтам, - гӯён аз зинаҳо ба ошёнаи дуюм баромадам.
Баъди шиносоӣ бо аризае, ки чун устухон дар гулӯи навбатдор монда буд, дар байни ҳуҷҷатҳо супориши хатии сарвари милисаро ба номи сардори ротаи пайгирию пайроҳадорӣ доир ба зери назорати беруна гирифтани ҷабрдида дарёфтам...
Чун тамоми рӯз дар долони бинои суд интизорӣ кашида будам, як мондагиеро дар ниҳодам эҳсос намуда, санҷиши аризаро то субҳи рӯзи дигар мавқуф гузошта ба хона рафтам Рафту дирӯз бо навбатдор сари баҳс қарор намегирифтам ва назди сардор даромада андешаҳоямро аз нигоҳи қонун оид ба камбудиҳои дар ҳуҷҷатҳо ҷойдошта баён менамудам, эҳтимол ин ҳама кашмокашиҳоро ба сари хеш намеовардам.
Акнун кори шудагӣ шуд.

4 Сухан аз Сойиби Табрезӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан