Чун далели шайъӣ ёфта гирифтани он пораи қӯрғошими аз баногӯши ҷабрдида гузашта (аз рӯӣ нишондоди шоҳидон гӯё тир дар масофаи ду – се сантиметр аз паҳлӯи гуши духтар гузашта будааст), инчунин, ёфта гирифтани марми, ки ҳангоми бурун омадани тир бояд он дар ҷой ҳодиса меафтид ва боз муайян намудани рақами мошине. ки нафари қасд ба ҷони ҷабрдида намуда фирор карда буд, вазифаи аввалиндараҷаи гурӯҳи фаврӣ - тафтишотии ба ҷой ҳодиса рафта ҳисоб мешуд, аз чунин камбудиҳо чашм пӯшидан ин маънии аз паси панҷа ба рафти тафтишот назар афканданро дошт.
Насим Солеҳ (навбатдори дирӯзаи ШКД- ро чунин ному насаб буд) ҳам марди аноӣ не. Бубин бо чӣ ҳилаву найранг он ҳама хуҷҷатҳои хому хаталаро ба дасти ман супорид.
“Метарсам, ки баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳо ақидаатонро дигар накунед,” - гуфтанаш ҳам бесабаб набудааст. Ин зоти “пок” бо чунин як ҳила каломи аз забони банда ба беруномадаро, ки онро бо ду мисраи Сойиби Таброезӣ чун муҳри сухан гулрез намудам низ, шунид.
Бобоям (равонаш шод бод) ҳамеша таъқид мекарданд, ки одамро танҳо лафзаш ҳалол, яъне сухан аз Арши барин баҳри покон ба замин омада ва мо бояд қимати он бидонем ва банда низ ба он чи ки аз Арш омадааст, боз бо сухани Сойиби Табрезӣ қабои ҳарире пушонидам...
Дигар ҷой андеша набуд ва банда низ аз рӯи гуфтаҳои мардуми” то омадани табар кунда меосояд” амал намудаю ҳама неку бади дунёро ба гӯшае гузошта ба нишастҷойи қафои автомошин такя намуда, чашмонамро пӯшидам...
...2...
Бо ронанда ҳисобӣ намуда ба тарафи бинои милиса ҳаракат намудам. Баробари вориди бино шудан ғайриихтиёр ба шуъбаи навбатдорӣ, ки онро тирезаи калоне аз даҳлези ошёнаи якум ҷудо мекард, нигаристам. Ба ҷойи Насим Солеҳ нафари дигаре сари пулти телефонҳо менишаст. Дар нисбати навбатдори дирӯза, ки омадани бандаро хеле интизор шуда буд, эшонро сари мизи кориаш ғанаб бурда...Чун дар даҳлез касе набуд, дар лаҳзаи аввали вориди бино шуданам дилам фишурда шуд.





