-Милиса бар он назар аст, ки талошҳо дар ин самт аз бод кардани коҳи кӯҳна беш нест.
Ба андешаи шумо розӣ шуда наметавонам, чунки ҳар як фард натиҷаи амалашро бояд бубинад ва агар мо тавонем гуноҳи эшонро дайн намоем, аз рӯӣ ҳолатҳои нав ба тафтишот маълум гардида, Файз Камол ҷазои одилонаи хешро дар ҳаҷми пурраи дараҷаи гуноҳаш хоҳад гирифт.
-Дар вақташ, агар тафтишот ба нишондоди Шаҳнози Зокир бовар мекард, имрӯз мо ба ин варта намеафтидем.
-Инсон подоши ҳар амали хешро дер ё зуд хоҳад гирифт ва бубинед чӣ тавр собиқ ронанда барои дарёфти ҳиссаи хеш муҳри хомӯшӣ аз лаб гирифта, асрори ниҳони хешро бо шарики ҷиноятпешааш дар қаҳвахонаи “Дидор” арзонӣ дошт, бехабар аз он ки девор муш ва муш гӯш дорад. Хушбахтона, дар қаҳвахона ба ҷуз он марди суханчин, ки акнун боиси таваҷҷуҳи тафтишот гардидааст, боз пешхизмат ҳам қисмате аз он суҳбатро шунида ва дар ин муаммои сарбаста роҳбалади мо гардида.
-Время бросать камни, и время собирать камни.
-Дуруст, вале акнун гирд овардани он сангҳои пошдодаи собиқ ронанда ва муҳосиб ба души мақомоти тафтишотӣ афтида ва моро зарур аст он сангҳоро болои тарозуи адолат гузорем.
-Нигоҳи шумо дар атрофи ташрифи кунунии банда ҳанӯз бароям нофаҳмост?
-Акнун ки нигоҳи мо дар хатти буриш аз як нуқта мегузарад, аз тарафи банда дар ин самт монеае эҷод нахоҳад шуд. Чун ба зери назорат гирифтани гуфтугӯйи телефонӣ ва мукотибаи шахсият гирифтани розигии прокурорро тақозо мекунад, ин тарафи корро ман пурра ба душ мегирам.
-Рафту Асад Ғанӣ дар ин ҷода пофишорӣ намояд - чӣ?
Ман мехостам гуям, ки рафту агар прокурор розӣ нашавад, Ҳамид Ҷовид тайёр аст бо вай гуфтугӯ намояд, вале ҳамон лаҳза аз гуфтани чунин сухан, ки метавонист боиси малоли хотири муфаттиш гардад, худдорӣ намудам.
-Рафиқ капитан, шумо худ аз ман беҳтар медонед, ки муфаттиш шахси мустақил аст ва ҳатто прокурор ҳам бе асос ва далелҳои раднашаванда наметавонад дар розигӣ додан ба қарори қабулнамудаи муфаттиш пофишорӣ намояд.





