Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бояд тазаккур дод, ки тасаввуф аз Варорӯд ва Хуросон ба Ҳиндустон васеъ паҳн шудан гирифт. Рад кардани сарват ва зоҳирии ихтиёрӣ (бо маҳкум кардани нобаробарии моликият) ва инчунин нақши фаъоли иҷтимоӣ, таблиғи тасаввуф, дар ин ҷо, пайравони чандмиллионаи худро пайдо карданд. Ниёзи бузург ба ақидаҳо ва арзишҳои сӯфиён дар хоки ҳинд боис гардид, ки дар баробари мактабҳои тасаввуфи варорӯдӣ ва хуросонӣ, мактабҳои маҳаллии орифон (чун суҳравардия, чиштия, деобандия ва ғ.) бо мурури замон пайдо шуданд. Мувофиқи маълумоти мутахассисон, яке аз аввалин воизони тасаввуф дар Ҳиндустон Дата Ганҷбахш мебошад, ки дар нимаи аввали асри XI бо артиши Ғазнавиён ба Лоҳур омадааст. Дере нагузашта мактабҳои тасаввуф ба қишрҳои махсуси иҷтимоии Ҳиндустони асрмиёнагӣ равона шуданд. Суҳравардия ба табақаҳои ашрофзодагон диққат доданро сар кард ва пешвои рӯҳонии он Баҳоуддин Захариа Мултонӣ мегуфт, ки «бо мардуми оддӣ ҳеҷ иртиботе надорад» ва Чиштия, баръакс, аз дастгирии мардуми оддӣ баҳраманд шуд, ки сарвари он Хоҷа Муиниддин ба Деҳлӣ аз Систон (с.1192) омада буд. Навъҳои тасаввуфи ҳиндуӣ дар марҳилаи минбаъдаи ҳаёти маънавии нимҷазираи васеъ нақши муҳим доштанд.
Ҳукмронии асосгузори салтанати Деҳлӣ Қутбиддин Айбак бо сабаби фалокат дар чавгонбозӣ қатъ гашт ва домодаш Шамсиддин Илтутмиш (с. 1211–1236) тахти ӯро ба мерос гирифт. Илтутмиш, ҳамчун султони барҷастаи ин сулолаи мамлюк (ғуломон) маъруф аст.
Дар давраи ҳукмрониаш вай шакли шоҳигарии идоракунии давлатро таъсис дода, артиш тақвият гирифта, ислоҳоти пулӣ анҷом ёфт. Вай, инчунин, сохтмони Қутби Минорро дар Деҳлӣ, ки чун иншооти ифодакунандаи ғалабаи ҳукмронии мусулмонон маъруф аст, ба итмом расонид. Дар соли 1225 вай Лакҳнавро, ки он замон пойтахти султонати Бангола буд, ишғол кард ва онҳоро ба супоридани хироҷ маҷбур кард.

пешина
аз 335
навбатӣ