Ҷаҳони Тоҷикон

байн нарафтааст, балки дар аввалин шароити мусоид аз нав эҳё шудааст.
Салтанати кӯтоҳи Гуюкхон (с. 1246-1251), дар маҷмӯъ, барои мусулмонони империяи бодиянишин мусоид набуд, чунки хони бузург ба масеҳиён афзалият медод. Тибқи анҷумани с.
1251, яке аз писарони Тулуй Мункэ, ки бо таҳаммулпазирии мазҳабии худ маъруф буд, хони бузург интихоб шуд ва Эргене- Хатун (ҳамсари амири даргузашта Ҳарахулагу), ба ҷои писари хурдии Муборакшоҳ, аввалин чингизӣ, ки исломро қабул кардааст, ҳокими улуси Чағатой таъин шуд. Ин таъинот маънои ба қудрат баргаштани вазир Қутбиддин Хабаш-Амид ва писари ӯ Насириддинро дошт. Вай шогирди худ Баҳоуддини Марғилонӣ, ки вазифаи ӯро дар замони ҳокими пешин гирифта буд, набахшид ва ваҳшиёна ба қатл расонд. Ба номи ҳокимзани кишвар илова шудани унвони «хотун» (унвони суғдии «хон бону») ва номи мусулмонии шоҳзодаи ҷавон бо унвони қадимаи тоҷикон («шоҳ») аз он шаҳодат медиҳад, ки пас аз як насли ҳукмронии муғулҳо дар Варорӯд онҳо зери арзишҳо ва анъанаҳои маҳаллии тоҷикӣ- мусулмонӣ қарор гирифтанд.
Дар амал ҳокими кишвар Масъудбек боқӣ монд, ки аз номи хони бузург Мункэ ва Батухон (сарвари улуси Ҷӯчӣ, бо қароргоҳаш дар соҳили Волга) амал мекард, ки дар тирамоҳи соли 1255 ба лашкари зиёди муғулон, ки ба суи Бағдод ҳаракат мекарданд, зиёфати калон орост. Ин ҳолат маънои сешохагии ҳокимиятро (қудрати хони бузург, намояндаи ӯ дар кишвари бумӣ ва сарвари як улуси алоҳида) не, балки аз тарафи муғулҳо эътироф гардидани бартариҳои анъанаи идораи Сомониёнро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор