Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аҳолии кишвари Наздиволга (аз ҷумла, дар байни тоторҳои бодиянишин, бошқирдҳо ва дигарон) васеъ паҳн гардид. Агар корвонҳои тиҷоратии тоҷирони Варорӯд ва Хуросон дар паҳн шудани ислом ва фарҳанги мусулмонӣ дар байни қавмҳо ва қабилаҳои кишвари Наздиволга ( ба улуси Ҷӯчӣ –Баракхон табдил ёфта) нақши калидӣ дошта бошанд, дар байни ашрофони ҳукмрони он нақши асосиро уламои тоҷик бозиданд. Паҳншавии ислом ва фарҳанги мусулмонон ба шимол (дар кишвари Наздиволга), на мустақиман аз Бағдод (тавассути Қафқоз), балки аз Варорӯд далели таърихии он аст, ки сафорати халифа ба Булғористони назди Волга дар солҳои 921-922 созмон дода шуда буд ва муфассал аз ҷониби Ибни Фазлан тасвир гардидааст, мустақиман, ба шимол (тавассути Қафқоз) не, балки ба воситаи Бухоро ва Хоразм сафар кардааст. Агар дар давраи Сомониён ба паҳн шудани ислом ва фарҳанги мусулмонон ба шимол (Русияи муосир) Хоқонии Хазар бо дини яҳудӣ монеъ шуда бошад, пас дар замони муғулҳо хилофати Бағдод аз байн рафта, Ҳулагуи масеҳӣ, ҳокими Эрону Ироқ дар муқовимати шадид бо улуси Ҷӯчӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, Варорӯд кишвари асосии паҳн ва нигоҳ доштани ислом ва фарҳанги мусулмонон дар шимол, шимолу ғарб, шимолу шарқ ва ҷануби шарқ (то Дашти Бузург, Қафқоз, Русия, Муғулистон, Чин ва Ҳиндустон) боқӣ монд.
Пас аз вафоти хони бузург Мункэ ҳангоми юриши ҳарбӣ дар Чин (с. 1259), муборизаи шадид боз байни довталабони тахт (дар байни писарони хурди Чингиз- Тулуй Хубилай ва Ариқ-Буқа), ки намояндагони ҳарбии онҳо дар Варорӯд низ амал мекарданд, оғоз ёфт. Дар ин солҳо, набераи Чағатой Алгуй дар Варорӯд пайдо шуд, ки ба ӯ писари вазир Қутбиддин Сафарбек ҳамчун як

пешина
аз 335
навбатӣ