Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аттор рӯҳ буду Санои ду чашми ӯ,
Мо аз пайи Саноию Аттор омадем
(Румӣ)

Дере нагузашта, пас аз эҷоди мактаби суфиёни маҳаллӣ («мавлавия» аз Мавлоно Румӣ), вай таълим ва роҳбарии мустақими мактабро ба шогирдонаш (муридон) супурда, худаш бевосита ба таҳияи пояҳои ин мактаб, мустақиман, камари ҳиммат баста, асари машҳури худ «Маснавии маънавӣ» ва девони ғазалҳоро эҷод кардааст, ки ҳар ду бо забони модарии тоҷикӣ таълиф ёфтаанд.
Эҷодиёти Ҷалолиддин, ки аз Варорӯд (Балх) оғоз ёфта, дар Осиёи Хурд (Рум) идома ёфт, дар ниҳоят уфуқҳои стратегияи Сомониён, алалхусус, тоҷикофония ва мазҳаби ҳанафии исломи суннитаборро то соҳили гулӯгоҳи Босфор васеъ карда, онҳоро барои садсолаҳои оянда низ устувор гардонд.
Намояндаи дигари барҷастаи ин муҳоҷирати маҷбурӣ Амир Хусрав Деҳлавӣ (с.1253-1325) мебошад, ки падари ӯ зодаи шаҳри Кеш (Варорӯд) буда, дар вақти ҳуҷуми муғулҳо самти дигар, самти Ҳиндустонро интихоб кардаст. Ӯ дар яке аз шаҳрҳои шимоли Ҳиндустон таваллуд шуда, пас аз гирифтани таҳсил, шаҳри Деҳлӣ, пойтахти салтанати исломиро макони зист интихоб кард. Барои ҳамин Амир Хусрав дар дарбори ин салтанат фаъолиятро оғоз намуда, тахаллуси «Деҳлавӣ»-ро соҳиб гардид. Вай анъанаи шоирони бузурги тоҷик ва тоҷикзабононро дар навиштани «Хамса» (девони шоирона, иборат аз панҷ қисмати алоҳида), ки аз Низомии Ганҷавӣ, ки дар Қафқози ҷанубӣ эҷод намудааст, идома додааст. Шеърҳои ошиқона –

пешина
аз 335
навбатӣ