Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сарпарастии Алишери Навоӣ ба “аҳли қалам” ба сарпарастии вазири Сомониён Балъамӣ (сарпарасти Рӯдакӣ) шабоҳат дошт, ки аз он чунин таърихнигорони маъруф, ба монанди Мирхонд (соли вафот 1498) ва Хондамир (с. 1475-1535), инчунин рассоми маъруф Беҳзод ва бисёр дигарон манфиати зиёд диданд.
Аз ҳаёти сиёсӣ дур шудани Темуриёни баъдин ба рафтани Сомониёни дерин ҳам мушобеҳ буд ва ҳам тафовут дошт. Монандӣ дар он аст, ки таҳдиди беруна ин дафъа низ аз шимол, аз Дашти Бузург, аз қабилаҳои бодиянишини ӯзбек, таҳти роҳбарии Муҳаммад Шайбонӣ ба амал омад ва тафовут дар он аст, ки агар Сомониён аз қисми руҳониёни иртиҷоӣ ва зердастони ҷудоихоҳ, ки истилогарони хориҷиро ба ватани худ даъват карданд, азият мекашиданд, пас салтанати тӯлонии Султон Ҳусайн боиси норозигии писарон ва наберагон – ворисонаш гардид, ки барои истиқлол ва тақсимоти империяи васеъ саъю кӯшиш менамуданд. Кор ба ҷое расид, ки пас аз марги Султон Ҳусайни равшанфикр атрофиёнаш ду писар – рақибон Бадеъуззамон ва Музаффарҳусейн, ки мебоист ҳамзамон лашкари Темуриёнро бар зидди Шайбониён роҳбарӣ мекарданд, ба сари давлат шинонданд. Ин сиёсати кӯтоҳандешона ба он оварда расонд, ки аллакай соли 1507 Муҳаммад Шайбонӣ дар Ҳирот буд ва ба давраи пуршарафи Темуриёни соҳибмаърифат хотима дод.
Акнун дар Варорӯд ва Хуросон, ба гуфтаи Бобури равшанфикр, «деҳотие, ки равшаниро надидааст» ҳукмронӣ мекард, ки ҳукумати онҳо, мутаассифона, то замони нав идома дошт.
Маърифати классикии Варорӯд ва Хуросон, таҳти фишори Дашти Бузург, тадриҷан ба Ҳиндустон ва Ховари Миёна кӯчид ва дар он ҷо самараи фаровон дод, ки интизори таҳқиқи дақиқона мебошад.
Воқеият ва пасту баландиҳои ин гузаришро дар «Бобурнома», охирин намояндаи боистеъдоди хонводаи темуриён Заҳирриддини

пешина
аз 335
навбатӣ