Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

У
Унсурҳои оҳанг. Маҷмўи воситаҳои фонетикие, ки дар ташкили оҳанги навъҳои асосии гуфтор (ахбор, амр, ангезиш ва хитоб) ширкат варзида, онҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунонанд. Аксарияти забоншиносон дар ташкили оҳанги навъҳои асосии мухобира иштироки панҷ унсури зерро қайд мекунанд: а) наво – зудии лаппиши садопардаҳо ё ҳаракати (пасту баландшавии) лаҳни асосии овоз ҳангоми талаффузи ин ё он ҷумла (унсури савтӣ ё лаҳнӣ); б) суръат ё тамдид – вақте, ки дар талаффузи ин ё он порчаи овозӣ сарф мешавад (унсури суръат); в) танфис – қатъ гардидани талаффуз бинобар эҳтиёҷоти физиологӣ (нафасгирӣ); г) қувва
– тавоне, ки дар талаффузи овозҳо сарф мешавад (унсури қуввагӣ ё динамикӣ) ва ғ) танин – сифати талаффузи овозҳо (унсури сифатӣ).
Воситаҳои зикршуда унсурҳои фонетикии оҳанганд. Ҳамаи онҳо барои адои як вазифа – ташкили оҳанги нутқ хизмат мекунанд. Оҳанги навъҳои асосии мухобира дар натиҷаи ҳамкории бисёр мураккаби ҳамаи унсурҳои оҳанг (ғайр аз танфис) ҳамеша дар мухобира иштирок мекунанд, зеро талаффузи ҳаряк порчаи овозӣ бе танину наво ва қувваю вақти муайян имконнопазир аст. Тағйироти муҳимтарини тарҳи оҳанг одатан дар ҳиҷои заданоки фраза (ё синтагма) ба амал меояд, вале ин ҳиҷоро дар бештари мавридҳо навои баланд ҳамроҳӣ мекунад.
Услуби бадеӣ. Услубе, ки хоси адабиёти бадеист. Воситаҳои забон дар он ҳама якҷоя барои эҷод ва офаридани образи бадеӣ хизмат мекунанд. Ду ҷиҳати муҳимми забон – ҷиҳати иртиботӣ ва эстетикӣ дар услуби бадеӣ бо ҳам дар ҳамбастагии зич амал кунанд ҳам, вале ҷанбаи эстетикӣ доимо ҷанбаи асосӣ буда, бар ҷиҳати иртиботӣ имтиёз дорад.
Тасвиру баёни мавзўъҳои басе гуногун дар адабиёти бадеӣ боиси он мешаванд, ки дар ин услуби забон унсури услубҳои дигар фаровон ба кор равад. Фарқи услуби бадеӣ аз шохаҳои дигари услубӣ ин аст,ки дар он ба замми воситаҳои меъёрӣ унсурҳои ғайримеъёрӣ,аз қабили калима ва шаклу воситаҳои грамматикии омиёна, архаистӣ, маҳаллӣ ва ғайра фаровон истифода мешаванд. Забони адабиёти бадеӣ аз ҷумлаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор