Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

мафҳумҳои аломату хусусият барои баёни эҳсосоти шахс баҳои мусбат ва манфии вай бачизе ё ҳодисае кўмак мерасонад. Ҷонишинҳо одатан ба ҷои калимаҳо меоянд, ки пештар зикр шудаанд. Дар ин ҳол онҳо барои худдорӣ аз такрори якранг аҳамияти хосаи услубӣ касб мекунанд.
Калимаҳои мансуби шумора чандин хусусияти барҷастаи услубӣ надоранд. Танҳо бо мавҷуд будани баъзе қаринаи (гуна, вариант) шумораҳо (чор//чаҳор, чил//чиҳил, дуюм//дувум, сеюм//саввум); ё ҳолатҳои синонимии амсоли наваду ҳашт – дукам сад, ҳазору ҳаштсад – ҳаждаҳ сад ё дусад кам ду ҳазор ҷиҳатҳои услубӣ зоҳир менамоянд.
Ифодаи фикр бе феъл дар бисёр ҳолатҳо урёну хушк ва бетаъсир хоҳад буд (китобхонаи мактаб. Хонандагон дар паси мизҳо. Ҳама ғарқи мутолиа).
Дар ҷумла феъл тасвирро зинда сохта, ба предмети тасвир айёният ва обуранги бадеӣ мебахшад. Обуранги бадеӣ бо синонимии феълҳо, сермаъноии шаклҳои онҳо, ҳаммаъноии замонҳои феъл ифода меёбад.
Чунончи, истифодаи феъли ёвари рафтан дар ҷумлаҳои поён имкон додааст, ки амали шахси мубтадо пурра бо нозуктарин ҷилоҳои маънӣ ифода ёбад: Чор пои асп ба чор тараф лағжида рафт. Қорӣ-шикамба аз зин фуромада рафт (С.А.). Ба воситаҳои ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ низ мақсаду мароми гўянда ё нависанда мувофиқи хости ў ба ҳар сурат ва тобишҳои услубӣ ҷилвагар хоҳад шуд: пешоянду пасоянд ва пайвандак барои шакл гирифтани ибора ва ҷумлаҳо унсурҳои заруранд.
Услубиёти пешояндҳо. Пешояндҳо дар ифодаи муносибатҳои маъноию дастурии калимаҳо дар ҷумла нақши зиёд доранд. Баъзе пешояндҳои аслӣ аз ҷиҳати маъною вазифаашон ба ҳамдигар хеле наздик шуда, хусусияти синонимӣ пайдо кардаанд: Бо ин андеша дар атроф чашм меандохтам (С.А.). Гулрўро ба шаҳр монда омадӣ (Р.Ҷ.). Вай ба зин кардани асп рафт (С.А.). Эҳтимол ба хотири хонандагон гузарад… (С.А.).
Дар мисоли аввал пешоянди дар ба вазифаи ба ва дар мисоли дуюм баръакс омадааст. Дар ҷумлаи сеюм ба ҷои пешоянди ба – барои ва дар мисоли охирин пешоянди аз-ро кор фармудан мумкин аст. Пешояндҳо аз рўи мавқеъ ва дар кадом услуби забон истеъмол шуданашон ҳам фарқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор