Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дар нимаи дуюми рӯз майори милиса Абдумаҷидов ба шаҳри Ваҳдат омад. Дар хонаи Маҳмуди Ориф бо писараш Собит ва чор панҷ нафар ҳамсояашон суҳбат намуд. Ҳамаи онҳо тасдиқ намуданд, ки шаби 30 ба 31 март ва шаби 31 март ба 1 апрел ҳамсабақи Воҳид Давлати Баҳром дар хонаи онҳо буд ва рӯзи душанбеи субҳи 1 апрел ӯ ҳамроҳи Воҳид ба шаҳр рафт...
...17...
Аз шаҳри Ваҳдат ӯ рост ба суроғи Воҳиди Маҳмуд ба хобгоҳи донишҷӯён рафт. Чун дар бораи Давлати Баҳром пурсон шуд, Воҳиди Маҳмуд каме ҳам бошад ҳаросон гашт. Гуфт, ки субҳи имрӯз Давлат ба дарс нарафта буд ва баъди нисифирӯзии рӯзи душанбе ӯ дигар ҳамсабақашро надидааст...
Воҳиди Маҳмуд нақл кард, ки рӯзи шанбеи 30 март баъди анҷоми дарс ӯ ҳамроҳи Давлат ба зодрӯзи бародараш Собитҷон ба хонаашон, ки дар шаҳри Ваҳдат воқеъ аст, рафта буданд ва субҳи рӯзи душанбе 1 апрел аз онҷо ба дарс омаданд. Абдумаҷидов ба хулосае омад, ки ӯ аз воқеаи ба сари ҳамсабақаш Давлати Баҳром омада огоҳ нест. Ниҳоят ӯ бо Воҳиди Маҳмуд худоҳофизӣ намуда, аз хобгоҳ баромад. Дар осмон ситораҳо чашмак мезаданд, ба назар чунин менамуд, ки ҳафтаҳо боз замин ташнаи борон аст. Ба қудрати бузурги Офаридгор ва табиати муъҷизаофарин қоил нашудан мумкин набуд. Дилаш бисёр мехост, ки ба хона равад ва ҳар чӣ ҳам набошад, лаҳзае бо Далеру Абдумаҷиди хурдакак “суҳбат” намояд, вале қувваи дигаре ӯро ба сӯи хеш ово намуд. Ин қувваи масъулиятшиносӣ, қувваи ихлос ба касби хеш буд, ки ӯро баҳри анҷоми кори дар зиммааш буда ҳидоят намуд ва ӯ аз роҳи калон гузашта, ба тарафи истгоҳ рафт ва аз он ҷо баъди ним соат ба милиса омад. Чун фаҳмид, ки муовини сардори ШКД соате пештар ба хонааш рафтааст, ба дафтари кори Зарифов рафт ва ҳуҷҷатҳои дар давоми ним рӯз ҷамъовардаашро, ки аслан ба нафъи Давлати Баҳром буданд, ба дасти муфаттиш дод...
...18...
-Хайр корҳо чӣ хел?
-Ҳамааш баҷо, шеф.
-Бо чашми хеш дидӣ ё аз касе шунидӣ?
-Ман худам дидам, ки чӣ тавр милисаҳо Давлатро ба мошин бор карда бурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор