Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба фикрам, не. О агар ягон кас медид, дар он нисфи шаб шӯру фиғон мебардошт.
-Гуфтӣ, ки бори охирон кай дар он хона будӣ?
-Шаби соли нав.
-Шаби якуми январ?
-Не, шаби 21 март, шаби Наврӯз. Ба ҷуз ман дар он ҷо бачаҳо бисёр буданд, якҷоя соли навро қайд кардем.
-Ту ҳоло пул дорӣ?
-Не.
-То ором шудани корҳо каме сабр карданат лозим ва ана барои иҷрои корат ин сад долларро гир, - гӯён ӯ аз кисааш як коғази сабзи акси Линколн доштаро ба дасти мусоҳибаш дод.
-О гуфтед, ки пас аз иҷрои амалиёт ҳамаи он ашёҳоро тақсим мекунем-ку.
-Гуфтам, вале боз андаке сабр кардан лозим мешавад. Канӣ бинем, милиса бо “ҷӯраамон” чӣ мекунад. Ба ҳар ҳол эҳтиёт шарт.
Линколн бошад, аз рӯи қурб бо пули худамон пули кам нест.
-Боз кай биёям?
-Ягон ҳафта пас. Дар ин муддат, албатта, ягон гап мешудагист.
-Майлаш, вале нашаваду маро фиреб диҳед.
-Акнун мо ҳарду ҳалқаи як занҷирем. Умуман, дилатро дур набар.
-Дар амони Худо бошед, ман ҳафтаи оянда занг мезанам.
-Хуш монед. Хобҳои ширин бинед,-гӯён ҳарду аз ҷои вохӯрӣ бархоста, яке ба тарафи шарқ ва дигаре ба тарафи ғарб рафтанд...
Фарҳод саргарми хаёлоти хеш дар хомӯшии шаб дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезад. Ҳар он чи ки Асрор лаҳзае пеш гузориш дод, агар ҷомаи амал пӯшад, ҳисоби ману Холи Баҳром баробар. Акнун фарзанди яккаву ягонаи ӯро ба ҷуз ғорат намудани мағозаи ҷавоҳирот боз ба ҷурми одамкушӣ ҳам гунаҳкор хоҳанд кард. Чӣ илоҷ, ҳар кӣ киштаи хеш медаравад ва ҳеҷ амале дар дунё бе ҷавоб нахоҳад монд...
...Понздаҳ сол пеш Фарҳод чӣ зиндагии хушбахтонае дошт.
Ҷарроҳи номдор буд. Ба ҷуз дар муассисаи давлатӣ боз баъзан бо талаби миҷозон берун аз муассисаи тиббӣ ҳам ба ҷарроҳӣ даст мезад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор