Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вориси Гиппократ баҳри шӯҳрату шон шуда, аз ягон чиз рӯ намегардонидааст. Вале чун рӯзу соаташ омад, дафтари аъмолашро чунон варақгардон намуданд, ки то ба қиёмат аз ёдаш зудуда нагардад.
Дар кушодани ҷиноятҳои пасипардагии ӯ хизмати собиқ муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистон хеле назаррас буд. Он рӯзҳо ӯ дар ақидае буд, ки муфаттиш Сафарзода аз зери нохуни ӯ чирк мекобад. Ин нуқтаи назари худи ӯ буд. Дар асл бошад, Сабоҳат Абдуллоевна он чиро меҷуст, ки қонун талаб мекард.
Маълум шуд, ки ҳамагӣ чанд моҳ пештар аз ин ҳодиса Фарҳоди Аваз духтари шонздаҳсолаеро, ки дар батнаш тифли ҳафтмоҳа доштааст, берун аз муассисаи тиббӣ ҷарроҳӣ намудааст ва бинобар заҳролудшавии хун духтар баъди ҳаждаҳ соати ҷарроҳӣ бо олами рӯшан падруд гуфтааст, вале хешу таборонаш аз рӯи мақоли “сар кафид, зери тоқӣ” амал карда, бинобар бадном нашудан ин ҳодисаро рӯйпӯш намуданд...
Дар мурофиаи судӣ на танҳо Холи Баҳром, балки худи ҳамшираҳои шафқат, хешу таборони онҳое, ки аз теғи муъҷизаофарини Фарҳоди Аваз ба ҳалокат расида буданд, инчунин онҳое ки бе ягон асос аз дасти ин табиби ҳозиқ зарари вазнини ҷисмонӣ гирифта буданд, баромад намуда, чун нафрати умум ба рӯяш туф намуданд. Вале ҳамаи ин нафрат на он қувваеро доро буд, ки ҳамсараш Шаҳригул дар мурофиаи судӣ бо душманонаш ҳамзабон гашта, шавҳарро дар рӯзи сахт дар байни дӯсту душман шарманда сохт. Ба ҳар ҳол суд талабу дархости олимони ҷумҳуриро, ки ба дифои чунин як олиме бархоста буданд, ба инобат гирифта, ӯро ба муддати дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум намуд ва ҳамааш аз рӯи Холи Баҳром барои як Намози бекасу кӯй...
...19...
“Бобоям мегуфт, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.” Шояд ҳаминаш беҳтар будагист, даст ба киса бурда коғази қиматнокро даст карда, чун ба будаш боварӣ ҳосил кард, қадаммониашро тезтар кард Асрор. Умуман, он коғази сабз на танҳо руҳ, балки ҷисми ӯро низ гарм мекард ва ё шояд дар назараш ҳамин хел намуд. “Акнун гапи шеф рост, мо ҳарду ҳалқаи як занҷирем ва имрӯз то пагоҳ дар деҳ овоза мешавад, ки Давлати бачаи Хол мағозаи ҷавоҳиротро ғорат намудааст ва шояд баъдтар ӯро ба одамкушӣ ҳам музтар намоянд.

пешина
аз 429
навбатӣ