Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

То ба куҷо Муҳаббатхон ва он барафрӯзандаи оташи муҳаббаташ наздиканд, муфаттиш намедонист, лек боварӣ комил дошт, ки гармии он шуъла ба дили духтар бе асар нест ва аҷаб нест, ки ҳамон “хуршеди ховар” дар ЭКО кор накунад.
Салимов аз утоқи кориаш баромада, рост ба назди котиба рафт ва пурсон шуд, ки оё натиҷаи ташхис аз ЭКО наомадааст.
-Не, - гуфт котиба.
-Муҳаббатхон, натиҷаи ташхис ба ман чун обу ҳаво лозим, вагарна шеф маро бе корд буғӣ карда мекушад.
-Аз дасти мани муштипар чӣ ҳам меояд?
-Эй Муҳаббатхон, Муҳаббатхон, садқаи номат шавам. Як илоҷ намуда то ЭКО мерафтӣ ва ҳамин масъаларо медидӣ.
-Ба ЭКО-ку не, вале баъди анҷоми кор ба ҳамон тараф рафтаниам, метавонам як сари қадам даромада, аз натиҷаи ташхис огоҳ шавам.
-Рафту то ҳанӯз хулосаи ташхис тайёр набошад-чӣ?
-Дар он сурат ман ҳеҷ кор карда наметавонам.
-То анҷоми кор боз ду соат вақт ҳаст, агар худи ҳозир равӣ, то фардо субҳ ягон илоҷ карданаш мумкин нест.
-Шумо тарзе гап мезанед, ки гӯё ман дар он ҷо сардори ЭКО бошам.
-Афсӯс, - гӯён Салимов аз котибот берун шуд. Назарияи ӯ дар бораи ишқи Муҳаббатхон тасдиқ нашуд ва ”агар котиба дар ҳақиқат ҳам дил дода бошад, маркази “тӯфон” дар ЭКО нест,”- аз дил гузаронд муфаттиш ва аз бинои прокуратура баромада таксиеро боздошта, худаш ба ЭКО рафт...
...23...
Зарифов аз бинои милиса берун баромада истода, бо Абдумаҷидов рӯ ба рӯ омада пурсид:
-Оташакаро дидӣ?
-Не, чӣ буд?
-Беҳтараш ба чашмаш нанамо.
-Чаро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор