Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Кори хуб нашуд,-баробари ба курсӣ нишастан гуфт майори милиса.
-Боз чӣ гап шуд?
-Охир он ду нафари дар роҳравбуда ба назди шумо даромадани буданд ва ман бошам бе навбат даромадам.
-Он ду нафар аллакай дар назди ман буданд ва акнун онҳо омадани ҳимоячиро интизоранд, - худро каме ҳам бошад сафед карда гуфт муфаттиш. “Шояд ҳамин фурутанӣ ва хоксориаш бошад, ки майори милисаро ҳама эҳтиром мекунанд, вагарна кӣ дидааст, ки корманди милиса омада дар пеши дари муфаттиш навбат истад,” - аз дил гузаронд Салимов ва пурсид, ки Акбар Ҳакимович чӣ навигариҳое овардааст.
Абдумаҷидов аз натиҷаи ҷустуҷӯиҳо ва дастовардҳои се рӯзи охир ба муфаттиш гузориш дода, аз ҷузвдонаш чанд дона коғази сафедеро, ки бо ҳарфҳои хоно пур карда буд, гирифта назди муфаттиш гузошт.
Мушовири адлияи дараҷаи сеюм Салимов ба коғазҳои овардаи Абдумаҷидов шинос шуда, ниҳоят сар бардошта гуфт:
-Ҳоло ҳамин хел гӯй?
-Ҳамин хел.
-Набошад, ана ба хулосаи ташхис шинос шавед, - гӯён муфаттиш аз байни парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати марги шаҳрванд Сабзаев оғоз карда шуда буд, ду коғазеро бароварда, ба дасти ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дод.
Аслан дар хулосаи ташхис омада буд, ки пораҳои шикастаи шиша, ки ҳангоми муоинаи ҷасад дар ташхисгоҳи тиббӣ аз сари мақтул Сабзаев Ғанӣ гирифта шуда, бо қарори муфаттиш Салимов барои муайян намудани пайвастагии онҳо бо шишаи шикастаи аз сари панҷараи оҳанини даҳони қубур ёфтшуда аз кӯчаи Фирдавсӣ ва шишапораҳои шикастаи назди дорухонаи рақами 28, ки шаби
30 ба 31 март ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса гирифта шудаанд, аз рӯи хусусиятҳои физикӣ як буда, дар маҷмуъ онҳо як шишаи бутуни арақи русии “Иванов”-ро ташкил додаанд...
Ҳамчунин моеъи шахшудаи сурхчатоби аз пеши дорухонаи рақами 28, ки дар чорроҳаи кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Ҷомӣ воқеъ гардида гирифта шуда ва ба ташхис фиристода шудаанд, хун буда, аз рӯи гурӯҳ ва резус он ба хуни мақтул Сабзаев, ки шаби 30 ба 31 март ба ҳалокат расидааст, баробар аст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор