Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ хел дузди? Ту чиҳо гуфта истодаӣ, ҷони ширини очаш?
Он чӣ ки шунидӣ, оча, вале бовар кунед, ки ман гуноҳе надорам.
-Чӣ хел гуноҳ надоштӣ, ки аз хонаат чизҳои дуздидашударо ёфтанд.
-Чизҳои дуздидашударо-ку ёфтанд, вале ман аз марги хеш хабар доштаму аз он чизҳо не. Ман худам ҳам бори аввал он чизҳоро ҳамроҳи милисаҳо дидам.
-Аз куҷо ёфтанд он чизҳоро?
-Аз дохили чойники ҷевон.
-Онҳоро-ку худи милисаҳо напартофта бошанд?
-Не, милисаҳо дар ин ҷо гуноҳе надоранд, вале ҳамон калонашон, ба фикрам, дар куҷо будани ҳамон ашёҳоро медонист.
-Боз мегӯӣ, ки ин кори милисаҳо нест.
-Гуфтам. Онҳо дар ҳақиқат гуноҳе надоранд.
-Набошад, милиса аз куҷо медонад, ки дар дохили чойник чист?
-Ба фикрам, ҳамон шахсе, ки ашёҳои дуздидашударо ба дохили чойник мондааст, худаш ба милиса занг зада хабар додааст.
-Ба кадом мақсад, охир мо ба ки бадӣ кардем?
-Намедонам.
-Ёд дорӣ?
-Чиро?
-Худораҳматӣ бобоят мегуфт ки “Худо аз марги муфоҷо, аз туҳмати ногаҳон, аз ғорати шайтонӣ нигоҳ дорад.”
-Ҳа. Имрӯз дар дарс ҳам ҳамин суханони бобоямро ба ёд овардам.
-Ҳоло милиса ба бегуноҳ буданат бовар кард?
-Ба фикрам, бовар карданд, вагарна ҷавоб намедоданд.
-Ба ғайр аз худат боз кӣ калид дошт?
-Дигар ҳеҷ кас.
-Пас чӣ хел дигарон вориди хона гашта, ашёҳои дуздидашударо ба дохили чойник монда рафтанд.
-Ман баъд фаҳмидам, ки касе ба воситаи тиреза вориди хона гаштааст.
-Дар ин бора ба милиса хабар додӣ.
-Не.

пешина
аз 429
навбатӣ