Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Мисли оне, ки ба рағми марг Офаридгор зиндагиро ато
46 фармуда, ба рағми Раҷаб Ёров барин нокас Амириён ва ба рағми Оташак барин марди худписанд Воҳид Камолро офарида будааст, то яке ҷиҳатҳои бади дигареро дар чорсӯи зиндагӣ ҷуброн намояд...
Аз он чи ки Масрури Мӯсо имрӯз дар маҷлиси ҷамбастии семоҳа огоҳӣ гирифт, дили Абдумаҷидов чун осмони дар зери абрҳо монда ҳазин гашт. Охир Масрури Мӯсо ҳам сарвари аввалини бахши кофтукови ҷиноятӣ ҳисоб мешуд, вале чӣ илоҷ ки ӯ ба касалии шӯҳратпарастӣ гирифтор шуда буд ва ба гумон буд, ки ӯ дигар аз ин касал, аз ин дарди бедаво, раҳо ёбад. Абдумаҷидов ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки Масрури Мӯсо ба ин дард худаш гирифтор шудааст ва ё ин дард ба ӯ аз гузаштагонаш ба мерос монда. Агар баъди огоҳии имрӯза ӯ рафторашро дигар насозад, пас маълум мешавад, ки ин дард бо роҳи ирсият ба ӯ гузашта ва он чӣ ки ба шир дар бадан рафт, он гоҳ биравад ки ҷон зи тан рафт...
Ба ҳар ҳол то маҷлиси бегоҳирӯзӣ, то суҳбати ҳамдилон, ки Воҳид Камол ҳамаро дар сатҳи хеш медид, вале ӯ қодир буд, ки ҳар як иштирокчиро бо сухани хуш, вале нишонрас, ба қавле бо шакар кушад, хеле вақт буд ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дар нимаи дуюми рӯз ба ҷустуҷӯи Фаттоҳ Сабзаев баромад. Аслан ӯ аз суҳбат бо Фаттоҳ Ғаниевич Сабзаев бисёр чизҳоро, ки боиси кушодани гиреҳе дар ин муаммои сарбастаи марги падараш гашта буд, интизор буд. Вале кори хона ба бозор рост намеояд, гуфтагӣ барин баробари пои бар остонаи хонаи Фаттоҳ Ғаниевич гузоштан тарбуз аз бағалаш афтид. Ҳамсари Сабзаев хабар дод, ки худи ҳамин субҳ шавҳараш бо коре ба Истаравшан рафтааст ва танҳо баъди ду-се рӯз бармегардад. “Дар ноомади кор атола дандон шиканад,” - аз дил гузаронд Абдумаҷидов ва аз остонаи дари хонаи Сабзаев баргашт.
Симои ноаёни ҷарроҳ, ки ҷайбашро то кунун месӯхт ба ҳолаш хандид ва худ аз ҷайби ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ берун
Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Пораи қанд.” ҷаҳида, ба зери дарахти сояафкан паҳлуи роҳ ғел зада, дар сояи ин дарахти азим ҳаловат бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор